Дар ноҳияи Данғара ҳам нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро шудааст. Феълан ду шаҳр ва се ноҳия – Бохтар, Левакант, Дӯстӣ, Ёвон ва ноҳияи Данғара нақшаро иҷро кардаанд.
Ба иттилои расида, пахтакорон ноҳияи Данғара то имрӯз 10 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон бо маром идома дошта, нақша андаке бештар аз 80 дарсадро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube