Рубрики Pressa

Душанбе ба ИДМ ҷони дубора бахшид


10-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Коршиносон ҷаласаи Душанберо эҳёи ИДМ арзёбӣ карда, навиштанд, ки “Душанбе ба ИДМ ҷони дубора бахшид”.

Муҳимтарин натиҷаҳои ин нишаст:

Ширкати сарони ИДМ

Дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе 10 нафар роҳбарон ширкат доштанд:

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон;

Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон;

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон;

Александр Лукашенко, Президенти Беларус;

Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон;

Содир Жапаров, Президенти Қирғизистон;

Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон;

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон;

Владимир Путин, Президенти Русия;

Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ.

Ду дидори муҳим

1. Алиев ва Пашинян

Пас аз танишҳои сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон бори нахуст дар майдони ИДМ Илҳом Алиев ва Никол Пашинян ба ҳам омаданд. Дар ҷаласаи қаблии сарони ИДМ, ки дар Қазоқистон баргузор шуда буд, Никол Пашинян ҳузур надошт.

Дар наворҳои ғайрирасмие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешуд, ки Пашинян ва Алиев дар роҳаткурсӣ паҳлуи ҳам нишастананд ва президенти Беларус Александр Лукашенко бо шӯхӣ ба Алиев ишора карда мегӯяд: “Дидӣ, омад, гуфтӣ ки Пашинян шояд наояд, вале омад!”. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, посух медиҳад: “Душанбе майдони сулҳу дӯстӣ аст!”.

2. Путин ва Алиев

Дигар воқеаи муҳиме, ки дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ сурат гирифт, мулоқоти Владимир Путин ва Илҳом Алиев аст. Ин нахустин дидори Алиев ва Путин баъди суқути ҳавопаймои Озарбойҷон аст, ки муносибати ду кишварро тира кард. Моҳи декабри соли гузашта ҳавопаймои “AZAL”-и Озарбойҷон суқут кард, ки дар натиҷа 38 нафар ҷон бохтанд.

Владимир Путин дар дидор бори аввал эътироф кард, ки падофанди Русия сабаби суқути ҳавопаймо шудааст. Владимир Путин таъкид кард, ки Русия барои сарнагун кардани паҳподи украинӣ ду мушак партофт кард, онҳо ба ҳавопаймои Озарбойҷон барнахӯрда, чанд метр наздик ба он таркиданд.

Ӯ гуфт, ки ба ҳавопаймои Озарбойҷон на унсурҳои ҷангии мушакӣ, балки эҳтимол пораҳои он бархӯрдааст. Аз ҳамин сабаб, ба қавли Владимир Путин, сарнишинони ҳавопаймо зарбаро мисли бархӯрд бо селаи парандаҳо тасаввур кардаанд.

Ӯ афзуд, ки ба халлабонҳои ҳавопаймо тавсия дода шуд, ки дар Махачқалъа фуруд оянд, аммо онҳо фурудгоҳи дигарро интихоб карданд.

Владимир Путин дар робита ба ин бори дигар узрхоҳӣ кард ва ваъда дод, ки Русия ба хонаводаҳои қурбониён ҷубронпулӣ пардохт карда, ба кори масъулони ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ медиҳад.

Муҳимтарин санадҳо

Санадҳои муҳиме, ки дар ҷаласаи сарони ИДМ қабул гардиданд:

– Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028;

– Барномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2026-2030;   

– Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2030;

– Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва анҷом додани интиқоли назоратишавандаи байналмилалӣ ва Протоколи Конвенсия дар бораи супурдани маҳкумшудагон;

– Эъломияи ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энержии минтақа.

Ин санадҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи ИДМ дар самти ташкилию ҳуқуқӣ, ҳарбию техникӣ, иттилоотӣ ва кадрӣ барои муқовимат ба таҳдидҳо дар амнияти сарҳадҳо, ҳамчунин, таҳдидҳои гуногун (иқтисодӣ, техногенӣ, иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, табиӣ ва киберӣ) равона шудаанд.

“ИДМ +” қадами нав​​​​

Яке аз муҳимтарин ташаббусҳо таъсиси формати “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил +” мебошад, ки бо пешниҳоди Қазоқистон дар нишасти сарони ИДМ дар Душанбе қабул гардид. Он платформа имкон медиҳад, ки кишварҳои ИДМ бо дигар давлатҳо, иттиҳодияҳои онҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Яъне формати ИДМ густариш меёбад.

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ менависад, ки “ин механизм (яъне ИДМ +) имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор дар чорабиниҳои зери чатри ИДМ ширкат варзанд, то муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстона таҳким ёбанд.

Ҳамчунин, дар оянда ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мақоми нозир дар ҷаласаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки кишварҳои узви СҲШ бо ИДМ дар соҳаҳои муҳим гуфтугӯ ва ҳамкорӣ намоянд.

Ҷоиза ба Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хидматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона”-и Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаро ба Президенти Тоҷикистон Михаил Швидкой – раиси Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ супорид.

Навбат ба Туркманистон

Соли 2025 Раёсати ИДМ ба дӯши Тоҷикистон буд. Сарони кишварҳои ИДМ ба раёсати Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Соли 2026 бошад, раёсат ба Туркманистон гузашт. Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои ИДМ моҳи октябри соли 2026 дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

Назари коршинос:

Саҳифаи нав дар пойтахти тоҷикон навишта шуд

Рӯзҳои охир Душанбе дар маркази диққати ҷаҳониён буд. Сафари расмии Президенти Русия Владимир Путин, саммити сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (мустақил) бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳарчанд кишвари кӯчак аст, аммо эътибору нуфузи байналмилалиаш хеле бузург мебошад. Гумон дорам, ба шарофати президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳама сарони кишварҳо муносибати хеле хуб дорад, ИДМ аз нав зинда шуд. Шояд эҳтироми махсус нисбат ба сарвари давлати тоҷикон дар фазои ИДМ боиси таҳаммул ва сабаби қабули баъзе пешниҳодҳо гашта бошад, ки дар вазъияти афзоиши шикоятҳо аз мавҷудияти ИДМ дар ҳолати дигар қабул намешуданд.

Гумон дорам, ташрифи сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки дар вохӯрии сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек иштирок надошт, ҳузури президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар саммит нишони эҳтиром ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Ва президенти Русия ҳам сафари расмии худро ба Тоҷикистон шояд бо он мақсад ба арафаи саммити ИДМ рост овард, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси масъалаҳое аз ҷумла изҳори ақида намояд, ки дар вохӯрии сарони давлатҳои ИДМ матраҳ мешаванд.

Ман бар он ақида ҳастам, ки Русия Тоҷикистонро на танҳо шарики стратегӣ мешуморад, чун такягоҳ дар Осиёи Марказӣ медонад. Тоҷикистони кӯчак тавонист Русияву Озарбойҷонро оштӣ диҳад, шояд Арманистонро ҳам, ки кайҳо ҳадафи тарки ИДМ-ро дорад, дар Иттиҳод нигоҳ дорад.

Ташаббуси Қазоқистон дар бораи “ИДМ +”, гумон дорам, пояҳои созмонро мустаҳкам хоҳад кард ва ба шикояти баъзе аъзо, ки ИДМ-ро такрори дигар созмонҳост мегӯянд, хотима хоҳад гузошт. Аминам, ки саҳифаи нав дар таърихи ИДМ маҳз дар пойтахти тоҷикон навишта шудааст.

Неъматулло МИРСАИДОВ,

коршинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *