Рубрики Хабарҳо

“Чаро ҳукумат бинои ободро вайрон мекунаду бо пули Чин бинои нав месозад?”

Абдуқодир Рустам, нависанда ва мунаққид, рӯзи 18-уми июли 2020 дар сафҳаи фейсбукиии худ дар мавриди тахриби бинои феълӣ ва сохтани биноҳои нав барои парлумону ҳукумат матлаби кутоҳеро , ки мавриди таваҷҷуҳи хонандагон, бахусус аҳли илму дониш ва рӯзноманигорон қарор гирифта, баҳси гармеро дар бар доштааст.

Абдуқодири Рустам нивишт: “Чиниҳо ба 220 миллион дулор дар Душанбе барои тоҷикон бинои Порлумон ва Ҳукумат месозанд… Эътирозҳо дар ин маврид ба гӯши касе надоромад ва тавофуқот дар ин бора ниҳоӣ шудааст…”

Ӯ афзуд: “Аммо ононе, ки хирад доранд, бояд биандешанд:  1. Чаро кишваре, ки бо ҳамҳамаю дамдама барои таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолаш омодагӣ мегирад, мувофиқ аст, ки кишвари дигаре барояш бинои Порлумон ва Ҳукумат (ду асли меҳварии истиқлол)-ро бисозад. 2. Чин мувофиқ шуда, ки барои сохтмони ин биноҳо ёрии бебозгашт кунад?”

Ин нависандаи тоҷик суоли сеюмро чунин навишт: “Чаро Ҳукумати мо, ки камбағалтарини кишварҳои шӯравӣ буда ва аз ин лиҳоз дар миёни чанд кишвари африқоӣ қарор дорад, бинои ободи худро вайрон мекунад ва ба ҷойи он бо пули Чин бинои нав месозад?”

Дар посух ба ин суолҳои нависандаи тоҷик чанде аз таҳлилгарону коршиносон назари худро ироа кардаанд.

Азиз Сангин, шоир ва журналист: “Тасарруфи бидуни ҷанг, бидуни хунрезӣ, бидуни лашкаркашӣ… Ҷанги асри навин ҳамин аст дигар! Ҷанге, ки мағлуб бо хушнудӣ ва даст пеши бар пазиро мешавад…” 

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ: “Бо технологияи пешрафтаи инзамона Чин метавонад ҳар нафареро, ки дохили ин биноҳо мешавад, идора кунад. Масрафи 220 млн барои ба даст гирифтани идораи як кишвар камтарин масраф аст, ки мешавад тасаввур кард. Ин биноҳо ду оянда доранд: ё ба зудӣ бо кулли кишвар ба моликияти Чин мубаддал мешаванд, ё баъди тағйири ҳукумат тахриб мегарданд.”

Нуралӣ Давлат, журналист ва таърихнигор: “Якто ҳамин хели биноро Чин соли 2012 дар Аддис Абеба сохта, ба Иттиҳоди Африқо, ки ба он 53 мамлакат шомил мешавад, ба кишварҳои ин қитъа туҳфа карда буд. Ҳар 2 сол дар ин бинои туҳфашуда саммити сарони кишварҳои 53 давлат доир мегардад. Баъди 5 сол маълум шуд, ки тамоми иттилоотеро, ки дар серверҳои компютерҳои ин бино ҳар рӯз ҷамъ мешавад, аз масофаи 8 ҳазор километр, яъне аз Шанхай ҳар шаб дар давоми 2 соат чиниҳо кашида мегирифтаанд. Баъди ифшо шудани сирри туҳфа, африқоиҳо серверҳоро иваз карданд. Ман як мақола дар ин бора навишта, дар Самак чоп карда будам, агар пайдояш кунам дар блогам ва дар инчо мегузорам!”

Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигор: “Ҳадафи Чин ҳам ҷуз ин нест, ифшои асрор. Кишвари соҳибистиқлол бояд худ бинои ҳукумат ва парламонашро созад.”

Азиз Нақибзод, рӯзноманигор: “Ба ғайр аз инки ба амнияти давлат хатар дорад, чӣ тур метавон дар хонаи сохтаи ҳамсоя бо ғурур сар боло кард? Нанг чӣ мешавад? Номус чӣ?”

Мақомоти Тоҷикистон ба тахриби бинои собиқи ҳукумат шурӯъ кардаанд. Қарор аст давоми се соли оянда ҷои он бинои мӯҳташами ҳукумату парлумон бо маблағ ва ширкати Чин сохта шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *