Рубрики Хабарҳо

Мусалмонони Олмон дар моҳи Рамазон аз андоз озод шуданд

Соҳибкорони мусалмони Олмон давоми моҳи Рамазон аз пардохти андоз аз даромад озоданд. Ин сабукӣ пеш аз ҳама ба моликони бозорҳои хӯрокворӣ барои мусалмонон ва тарабхонаҳои ҳалол дахл дорад.

Тибқи гузориши DAILYTimes  садри Олмон Анҷело Меркел фармонеро имзо кардааст, ки тибқи он соҳибкорони мусалмон аз пардохти андоз дар моҳи Рамазон озод шуданд. Ҳадаф аз ин тасмим поён бурдани қимати маҳсулоти хӯрокворӣ барои мусалмонони ин кишвар дар моҳи мубораки Рамазон аст. Дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷараёну динҳои гуногун, хонум Меркел гуфт, ки ба ҳамаи динҳо бояд яксон нигарист.

“Аксари кулли мусалмонон одамони накӯкор ва шаҳрвандони намунавии Олмон ҳастанд, ки аз Сарқонуни кишвар пуштибонӣ мекунанд. Бидуни ҳеҷ шубҳае ислом як ҷузъи Олмон гаштааст” — қайд кард Анҷело Меркел.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *