Рубрики Хабарҳо

Таъсири гурӯҳи хун ба COVID-19 маълум шуд

Коршиносон муайян карданд, ки чаро COVID — 19 барои бархе марговар аст, вале дар бадани дигар гурӯҳи одамон нишонае ҳам надорад

Натиҷаи пажӯҳише, ки ҳоло идома дорад нишон медиҳад, ки аксари одамони дорои гурӯҳи хуни муайян ба коронавируси навъи COVID — 19 камтар гирифтор мешаванд.

Бино ба иттилои  баробари оғози ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, ширкати 23andMe, ки ба гузаронидани тести генетикӣ машғул аст, хадамоти худро барои кумак ба олимон дар муайян кардани сабаби марговар будани COVID — 19 барои бархе ва осонгузар шудан барои дигаронро муаяйн созанд.

Рӯзи душанбе ин ташкилот натиҷаҳои нахустини пажӯҳиши худро, ки дар он 750 ҳазор кас ширкат карданд, баровард.

Дар гузориш гуфта  шудааст, ки «Натиҷаҳои нахустин алоқамандии гурӯҳи хун ва қабули вируси коронаро муайян карданд».

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи аввали хун эҳтимолан инсонро аз вирус муҳофизат мекунад.

Натиҷаҳои аввалини пажӯҳиш муайян карданд, ки одамони дорои гурӯҳи хуни О 9-18 дарсад камтар ба COVID — 19 гирифтор мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *