Рубрики Pressa

Амрико бақайдгирии “Грин-корт”-и соли 2027-ро ба таъхир гузошт


Қабули дархостҳо барои дарёфти лотереяи машҳури “Грин-корт” барои соли 2027, ки имкони истиқомати доимиро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад, имсол дертар кушода мешавад. Маъмулан бақайдгирӣ дар ҳафтаи аввали моҳи октябри соли 2025 оғоз меёфт, вале он ҳанӯз кушода нашудааст.

Эҳтимол меравад, ки сабаби ба таъхир афтодани бақайдгирӣ бори аввал ҷорӣ гаштани пардохти 1 доллар барои сабти ном мебошад. Мақсад аз пардохти электронӣ, ки моҳи сентябри соли 2025 эътибор пайдо кард, коҳиш додани шумораи дархостҳои қаллобӣ аз ҷониби миёнаравҳо ва қисман пӯшонидани хароҷоти раванди интихоб аст.

Қаблан қабули дархостҳо барои ин лотерея аз аввали моҳи октябр то аввалҳои ноябр давом мекард. Интизор меравад, ки DV-2027 ҳамон муҳлатро пас аз нашри ҷадвали нав дар сомонаи travel.state.gov нигоҳ медорад.

Барномаи Green Card ҳамасола ба шаҳрвадони дигар кишварҳо то 55 000 раводид барои зиндагӣ дар ИМА медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *