Номаи маро алоҳида нашр кунед№12
«Барои чӣ дар аввал Одинаев Гулмудин Изомудинович гуфтаму ҳоло дар бораи Қамар гап мезанам. Чунки ин шахсро ҳама бо номи Қамар мешиносанд. Ин шахс дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия,шаҳри Екатеринбург қариб 5 сол аст бузӣ мекунад ва мардумро ба коргарони амният, ки аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонанд, мефурӯшад.
Масалан бо Беҳрӯз, ки намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Екатеринбург буд ҳамкорӣ мекард. Вай рафт, чунки муҳлати кораш буд шуд.
Ин Қамар ба ФСБ Россия ҳам хабаркашӣ мекунад. Бо консулгарии Тоҷикистон бузӣ мекунад, яъне мардумро мефурӯшад.
Айни замон Қамар дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург посредник аст касеро, ки кораш афтад, миёнаравӣ мекунад. Пул мегирад ва бемалол медарояд ба дохили консулгарӣ, ки он ҷо танҳо кормандони расмӣ ҳаққи даромадан доранд. Аммо ӯ озод ворид мешавад, мисли «зеленный светофор». Ҳол он ки ягон вазифа ва мансаби давлатӣ надорад пас бо кадом ҳақ медарояд?»
Аз матлаби «Бузҳо»-и консулгарӣ дар Екатеринбург,13.10.2025
Бузҳои консулгарӣ-идомаи моҷаро: «Екатеринбург ларзид»
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Номаи аввалине, ки ман ба шумо навиштам ва таҳти унвони «Бузҳои консулгарӣ дар Екатеринбург» https://isloh.net/buzҳo-i-konsulgarӣ-dar-ekaterinburg дар рӯзи 13.10.2025 дар сафҳаи Ислоҳ мунташир кардед, бовар кунед, ки дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон, махсусан дар консулгарии Екатеринбург як заминларзаеро ба вуҷуд овард. Ин матлаб бисёр ҳам таъсири мусбат бор овард ва тамоми кормандони консулгарӣ, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия кор мекунанд, дар ҷунбиш заданд ва аз паи кофтукобу ҷустуҷӯи номанавис шудаанд: кӣ ҳаст ин нома навис?
Қабл аз онки ба номаи дуввум биоем, аз таъсири он хоҳам гуфт.
Заминҷунбӣ
Як барбар одамҳо дар тааҷҷуб ва ҳайрат афтодаанд, ки
«Э, и Иқбол ита чотка гуфте, ита бо далел гуфт, и як хел бузош ба сеҳарфаҳо расондаанд, ки ҳамитари гапу хабаро.
Як хелош, ки «хайрият, и мора нагуфтак, шарманда мешудем».
Аллоҳ шоҳид аст ки таъсири ин навишта аз фармони Раҳмонов ҳам сахттар шуд.
Забонат қанд бигардад устод. Бовар кун, ки зилзила, заминҷунбӣ шуд. Бомба дар Екатеринбург таркид.
Як барбараш талхакаф шудааст. У Қамар баъди нашри ин то ба имрӯз (25 октябр) ба фурӯдгоҳ намеояд, ҳиҷҷо намебарояд. Наҷунбида истодааст. Дар куҷое кайф карда гаштааст. Ридаанд як барбараш.
Гапу чап урра рафта истодааст: «Э,и ай куҷо шид, ай куҷо гирифт? Иш да иш навори шуморо ройӣ мекунанд, ки ира бин, ки чи гапо рафтестай».
Ҳамин хел дар ларза даромадагианд, ки мегӯӣ ҳамаҷоро тарконда бошӣ. Чунки ончи чоп шуд, релано буд, ягон чизи дуруғ надошт.
Қамар дар эзораш тар карда таъҷилан пеши сеҳарфаҳо рафтааст, ки «я,бало кнен, ҳамира ёрдам кнен биёбем». Баъди нашри матлаби «Бузҳои консулгарӣ дар Екатеринбург» як чизи дигарро фаҳмидам, ки мақомотҳои инҷо-Русия ҳам саддарсад гӯш ва тамошо мекардаанд, месанҷидаанд, мефаҳмидаанд. Ин масъаларо нав фаҳмидам.
Бузҳо аз хоб монданд ва агар мабодо бо онҳо рӯбарӯ оӣ мегуӣ, ки бемор шуданд: сахарний диабет-қанд дорад ё ки рак- саратон дорад.
Натиҷа ва таъсири аввалин номаамон хело хуб аст. Ҳоло ҳамаро пурсу пос доранд, ки бифаҳманд ва чизе, ки медонанд ба Қурбони амниятӣ расонанд ва супориш шудааст аз Тоҷикистон, ки ҳамин шахсиятҳоро аниқ кунед. Зимнан вақте Шоҳ Искандар начальник милисаи Турсунзода буд, ин Қурбон дар ҳамон отдел дар уголовний розиск кор мекард. Духтарони ноболиғро ғам медод, гап мепартофт. Як руз як духтаракро дар роҳи мактаб гап партофт. Он духтар гуфт изо намекашӣ? Духтарро ҳақоратҳои безеб ва таҳдид кард. Ӯро ягон кас ягон чи намегуфт. Баъд аз онки бисёри бад гузаронд баъд аз Душанбе омаданду бурданаш барои порахӯрӣ.
Ҳоло дигар дар консулгарӣ коре надоранд. Ба ҷои он ки пеши ин бузҳояшонро гиранд ва ба ин корҳои пасти худашон нуқта гузоранд, хотима диҳанд, аз паси ин шахсон шудаанду номанависро мекобанд. Медонед барои чӣ? Барои онки дегашон (нафсашон) аз ҷӯшиш намонад. Барои онки инҷо миллионҳо миллионҳо рубл давр мехурад, муфт ба дасташон медарояд. Маоши мегирифтаи консулу кормандонаш ба хароҷоти зиндагиашон намерасад. Ин шо Аллоҳ, ки номанависро намеёбанд. Қисса кутоҳ, ба номи Худо беҳад, таъсири вазнин расонд- ногуфтанӣ, зӯр!»
Зафар Саидзода, собиқ сарконсули Тоҷикистон аст
Сарконсули феълии Тоҷикисон дар Екатеринбург ҳам Зафар ном дорад. Зафар Саидзода, собиқ сарконсули Тоҷикистон ҳоло дар кадом Пажӯҳишгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе ба кор пардохтааст. Вай 31 декабри соли 2024 аз кор озод шуда буд. Ба Екатеринбург соли 2019 дар айни авҷи касалии фарогири Ковид омада буд.
Лекин ин бузҳо бо ҳамон Зафар Саидзода ҳам ҳамон хел буданд. Ин нафари омада дар ҷойи Саидзода ҳам номаш Зафар аст. Аксашро, ки равон кардам дар бари Қамар ҳамон аст. Аз рӯи суҳбатҳояш, тарзи гапзаниаш аз тарафҳои Хуҷанд аст. «Гапу хабарҳои асосӣ» дар Екатеринбург асосан ба ӯ ва Ганҷалӣ марбут аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо Ганҷалӣ бо ҳам омодаву тиҷорат мекунанд.
«Гуля кист?»-нақши як миёнарав
Дар идомаи нома дар бораи як хонум менависам. Ин хонум Меликова Гулия ном дорад ва вай ҳам посредник аст. Ин Гуля дар консулгари неву дар ФМС дар пенсионний фонди Екатеринбург кор мекунад. Вай мардумро хело ҳам фанду фиреб мекунад ва мардуми ҷабрдида ба консулгарӣ дар Екатеринбург муроҷиат мекунанд, ки ба додашон расанд. Аммо консулгарии Тоҷикистон дар инҷо ба ҷои он ки аз ин қаллоби Гулия пули мардумро гирифта диҳад бо пуштибонии маҳз ҳамин Қамар, ки суперпосредник ҳаст ин қаллобро ҳифозат мекунанд. Чаро? Чунки аз Гулия пул-пора мегиранд. Ва Қамар як қисми пулро ба худаш як қисми дигарашро ба Қурбони амниятӣ ва Зафари консул медиҳад. Ва ин Гулия дар ҳама ҷойҳо мегӯяд, ки «ҳеҷ кас ҳеҷ чизам гуфта наметавонад. Ман доляи Қурбон ва Зафарро медиҳам, касе чизе маро намегуяд. Инҳо ҳам як ҳаромхуранд, ин консулгариаш ҳам, аку даъво кардӣ чи фойда гирифтӣ?» Ҳаққи Зафару Қурбонро ба воситаи Қамар додам, ҳеҷ чизам нагуфтанд. Аку пулта доданӣ будам дигар намедиҳам». Ба як нафар қарздора Гулия айнан ҳамин тавр гуфтааст.
Мошенники рақами 1-и Екатеринбург Гулия мебошад.
Ин Гулия аз 7 миллион рубл зиёдтар аз мардуми муҳоҷири тоҷик гирифтааст вале барнамегардонад ва мегардӣ аз пасаш, туро заблок кардааст, намеёбиаш. Ин Гулия келини ҳамин Ганҷалӣ аст.Т ахминан ягон 7 моҳ пеш ба додари ҳамин Ганҷалӣ Исоқов бо номи Далери дузд ва герчик ба шавҳар баромада аст.
Тибқи маълумоти ватсапи Гулия вай- Меликова Гулия тахминан 30 то 38 сола аст.
Ва боз ин Гулияро як чанд коргари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ҳимоят мекунанд. Барои ҳамин мардум пулҳояшонро гирифта наметавонанд аз дасти ин сархури Гулия. Бисёр беваи шаттоҳ аст: «пулта мегирад, коратро анҷом намедиҳад ва туро заблокироват мекунад».
Гулияро Қурбони амниятӣ ва Зафар низ (ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сарконсул дар Екатеринбург) ҳимоят мекунанд ва боз чанд нафар, ки коргари давлатӣ нестанд.
Ганҷалӣ мегӯяд, ки «Ёр шогирди акаам аст. Акаи ман Ашур ном дорад, полковники собиқ ҳаст ва дар тамоми ҷойҳо одам дорад. Инки Ашӯр корманди пешини милиса аст, дар воқеъ ҳамин тавр будааст, аммо Ашур рутбаи полковникӣ дорад ё не, номаълум. Вай бо як шогирдаш, собиқ милиса бо номи Ёр ё Ёрмаҳмад ва як таксист, ки Эраҷ ном дорад ва дигараш Хусрав дар фурудгоҳи Екатеринбурги Русия кор мекунанд, сумка мепечонанд. Нафари дигар дар онҷо Дима ҳаст, ки вай низ аз ин Гулия ҳимоят мекунад.
Аксҳои инҳоро мефиристам -яъне Ёр, Эраҷ, Хусрав ва дигараш Дима, ки Хуршед аст номаш ки аз Қабодиён ҳаст. Дима қариб ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии аз Точикистон меомадаро пешвоз мегирад ва гусел мекунад. Хабаркаш-буз аст. Дар бораи муҳоҷирҳо маълумоти даркорӣ барои онҳоро дастрасашон мекунад. Яъне дар хизмати онҳо ҳаст.
Барои чи инҳо аз Гулия ҳимоят мекунанд, намедонам. Шояд, ки барои ягон ҳуҷҷатҳояшон кумак карда бошад,шояд.
Бародар, ин маълумотҳоро ман хело шуд, ки ҷамъоварӣ мекунам. Ва то ҷое, ки медонам ба Ганҷалихон ҳам он суханҳое,ки дар вақти кайфаш задааст, дарди сараш шудаанд. Ва вай инкор карда истодааст,ки ман нагуфтаам ҳеҷ чизе.
Ин гапҳоро ба ман туҳмат кардаанд, гуфта гаштааст. Ганҷалӣ мегуфт, ки «ман бо писари Ҷаноб яъне Рустам рафтуомад дорам ва аз вазъияти ин минтақа ба Рустам мерасонам. Гоҳе маст мешавад, Рустамро дашном мекунад, ки «вай як герчикай к@и оча?падараш як ҳаромай? як ойлаи гушначашман инҳо» гуфта таҳқир мекунад оилаи президентро Ҳоло акнун аз ин гапҳояш мункир шуда истодааст.
Агар туҳмат бошад, марҳамат камераҳои консулгариро санҷед, ки Ганҷалӣ дар як рӯз чи қадар ва чанд навбат медарояд мебарояд. Вақте ки ин гапҳо рост набошанд ин ду нафар чи дард доранд дар консулгарӣ ҳар рӯз то чандин маротиба медароянду мебароянд.
Инҳо ба ҷои он ки ислоҳ шаванд ва такрор накунанд боз паси номанавис гаштаанд ва тамоми кушишашонро барои пайдо ва ошкор кардани нома навис харҷ карда истодаанд. Вақте ки туҳмат набошад, пас чи дард доред? Хубаш ин аст ки ба мардуми мазлуми тоҷик ҷабр накунед ва касе ба шумо коре надорад.
Бародар шумо бидонед, ки ман чи қадар кушиш мекунам, ки дасти ин наҷисонро аз болои мардуми муҳоҷир дур кунам. Ҳоло инҳо ба Қурбони амният номи чанд нафар шахсонеро, ки гӯё болои онҳо шубҳа доранд, ягон вақте бо онҳо ягон муноқиша ва баҳс карда бошанд, додаанд, ки онҳоро тафтиш кунанду санҷанд.
«Дар МИД чӣ гузашт?»-ҷаласаи пӯшида
Бинобар як маълумоте, ки ба дасти мо расид масъалаи консулгарии Екатеринбург баъди нашри матлаб дар Ислоҳ («Бузҳо»-и консулгарӣ дар Екатеринбург,13.10.2025)дар як ҷаласаи муштараки пӯшидаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Кумити давлатии амниятӣ миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бахусус ба адреси консули нав,ки ҳоло фурсати зиёде ҳам нашудааст,ки инҷо омад,гапҳои пасту баланд задаанд,ки аз аввали кораш чунин бемасъулиятӣ зоҳир кардааст.
Мавзӯъҳои бардошташуда:
- Муошират бо муҳоҷирон: «Онҳо замонати амният ва осудагии давлатанд; муносибат бояд дуруст бошад.»
- Фурӯши аснод: «Вазнини нархгузорӣ. Нархҳои расмӣ ва пораҳо тавассути миёнаравҳо ду-се баробар боло мераванд-хатарнок аст.»
- Интиқоли тобутҳо: «Гоҳе Сомон Эйр тобутҳоро намегирад; шаҳрвандон маҷбуранд бо рейсҳои русӣ ва бо харҷи зиёд интиқол диҳанд. Миёнаравҳо дар намояндагиҳо корро кашол медиҳанд. Бо қарори давлат, Сомон Эйр бояд тобутҳоро бепул орад.»
Дар вазорати хориҷӣ аз консулгарӣ интиқод кардаанд,ки чи гуна ин нафарон,ки корманд нестанд бепӯштпӯшт вориди бино мешудаанд. «Як тарзе кор баред,ки ноаён бошад ва то ин дараҷа ошкоро набошад».
Аммо намояндаи КДАМ пешниҳод кардааст,ки «бояд дар рӯзҳои наздик як ҷаласа бо иштироки тамоми консулгариҳо ва сафоратҳои Тоҷикистонро дар Душанбе ташкил кунанд. Чунки аз фаъолияти онҳо бисёр ҳам маълумотҳои манфӣ ва бад расида истодааст.
«Мо мефаҳмем, ки дар ҳақиқат кор душвор аст, онҷо зиндагӣ гарон аст, маошатон кофӣ нест. Вале бояд тарзе кард, ки то ин сатҳу вусъат ошкоро набошад. Аз сафорати мо дар Маскав ҳам чунин шикоятҳо шуд, аз консулгарӣ дар Уфа ва Санкт-Петербург ҳам. Онҷо муҳоҷирҳо ҳастанд, онҳое, ки замонати амният ва осудагии давлатанд. Бо онҳо мо вазифадорем, ки муносибати дуруст кунем. Мо бо онҳо агар муносибатамонро на дағалона, балки дуруст ба роҳ андозем, худашон дипломатҳои моро розӣ мекунанд.
Фурӯши аснод, аз ҷумла возврашение на родину, паспорт, ё ягон санади ҳуқуқии дигар бояд таҳти контрол шавад. Чунки нархе, ки расмӣ ҳаст ва ҳатто порае, ки дар консулгарӣ ва сафорат мегиранд тавассути миёнаравҳо то дуву се баробар боло меравад. Ин тамоман хатарнок аст».
Барои санади интиқоли тобут ҳам гапҳои пасту баланд шудааст. «Сомонайр гоҳо амдан тобутҳоро намегирад ва шаҳрвандон маҷбуранд бо рейсҳои русӣ ва бо харҷи зиёд интиқол диҳанд. Онҷо ҳам миёнаравҳои намояндагиҳои дипломатӣ корҳоро каша карда истодаанд. Дар дасти мо фактҳое ҳаст, ки онҳоро розӣ мекунонанд, ки бо нархи 70-60%-и парвозҳои ҳавопаймоҳои русӣ ба Сомонайр бигиранд. Зеро Сомонайр бо қарори ҳукумат ва парлумони кишвар бояд тобутҳоро бепул оварад».
Ин намояндаи КДАМ ба вазорати хориҷӣ тавсия додааст, ки бояд ҷилави ин ҳама бебандубориҳо гирифта шавад.
Аммо дар вазорати хориҷӣ, тибқи маълумоти расида, аз корманди амният Қурбон ва корҳои вай чизе нагуфтаанд, эроде нагирифтаанд. Аҷобат дар дигар чиз аст. Ончики дар консулгарии Екатеринбург вуҷуд дораду мо навиштем дар ҳама консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия вуҷуд дорад. Инки инҷо пораву ришва мегиранд, инки инҷо нархи аснодро дучанду сечанд боло мекунанд ва аз вазъияти тупики муҳоҷирон истифода мекунанду базӯрӣ пул меканнад, инки инҷо муҳоҷирони пулдорро тавассути МВД ва ФСБ метарсонанд кори муқаррарии консулиҳои Тоҷикистон аст.
Дар ҳоле ки мебоист як комиссяи ташкил карда омада месанҷиданд ва коре мекарданд, ки мардуми муҳоҷир бифаҳмад, ки онҳо бесоҳиб нестанд, манбаи даромад ва пулкоркунӣ нестанд, ҳукумат дар пушташон аст. Онҳо одаманд, ҳақу ҳуқуқ доранд, ғурур доранд.
Ин сару садоҳо ҳам ба вуҷуд омадааст, ки ин корро Зафар Саидзода ташкил кардааст. Чунки ҳоло мехостааст, ки инҷо биистад. Зафар Саидзода гуё тавассути одамонаш маълумотҳоро ба «Ислоҳ» расонидааст.
Дар охир ҳаминро мехоҳам бигӯям бачаҳои мо, умуман тамоми муҳоҷирҳо дар Екатеринбург аз Қамар бисёр эҳтиёт кунанд. Ин Қамар, ки дар гузашта аз шогирдҳои генерал Шоҳ Искандар буд, як вақтҳо дар шӯъбаи милисаи Турсунзода кор мекард. Он вақт Шоҳ Искандар сардори милисаи Турсунзода буд. Вай дар онҷо мардумро бисёр зулм карда будааст. Бо пора қапиданд ва бачаҳои УБОП-Раёсати мубориза бо ҷарими созмонёфта аз даруни худи отдели милиса дар дастонаш наручник баста задазада бурданаш. Як, ду сол ё се сол шишту баромад ва рафт Русия. Ӯро худашон бароварданд ва Русия роҳӣ карданд, барои информатсия ҷамъ карда роҳӣ кардан. Вайро специально байни муҳоҷирҳо партофтанд. Ин гуна бераҳмҳои хабаркаш ба инҳо даркор аст. Хулоса, бузаш карда фиристонданд.
Охирсухан
Имрӯз ҳар муҳоҷири тоҷик дар Русия на танҳо коргар, балки шоҳиди зиндаи беадолатиҳои ҳукуматест, ки номи миллатро ба нархи пора ва тиҷорати шахсӣ паст кардааст. Консулгарие, ки бояд паноҳгоҳи шаҳрванд бошад, ба бозори фурӯши одам, санад ва виҷдон табдил ёфтааст.
Қамарҳо, Ганҷалиҳо, Гулияҳо ва садҳо номҳои дигар-инҳо танҳо рӯйи айсберганд. Зери он шабакаи бузурги фосидон ва хиёнаткорон пинҳон аст, ки бо номи давлат амал мекунанд, вале ба дилу обрӯи миллат ханҷар мезананд.
Вақт расидааст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон-ҳар муҳоҷир, ҳар озодандеш-бидонад: хомӯш мондан баробари ҳамдастӣ бо зулм аст. Ҳақро бояд гуфт, ҳатто агар поён кардани як системаи фасодро маъно диҳад.
Зеро миллатеро, ки ҳақиқатро мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон шикаст дод.