Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои сохтмони муассисаи таълимӣ ва томактабӣ оғоз гардид.
Ба корҳои сохтмонӣ дар сафари кории Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшида шудааст.
Муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда дар ду баст ва муассисаи таълимӣ- томактабӣ барои 220 кӯдак дар деҳаи Хиштсозони ҷамоати деҳоти Заргар бунёд мешаванд.
Ба иттилои расида, иншооти мавриди назар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат сохта мешаванд.
Ҷиҳати босифат ва ба талаботи стантартҳои муоссир сохта ба истифода додани иншооти нави таълимӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба сохтмончиён дастур ва маслиҳатҳои судманд доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube