Нархи тухми мурғ ва маҳсулоти дигари хӯрокворӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр, ҳангоми қабули иловаҳо ба қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар пайи нигарониҳо аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал, баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, ки масъаларо шарҳ диҳад.
Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла тухми мурғро ба «омилҳои берунӣ» рабт дод. Баъзе аз вакилони порлумон бо ин ҷавоб розӣ нестанд.
Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, хитоб ба Абдумаҷид Муъминзод гуфт, хӯрокворӣ барои паранда дар ҳудуди Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва пурсид:
«Агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар аст. Барои воридот имтиёз ҳаст. Аз бисёр чизҳо озод кардем, лекин ворид карда наметавонанд. Ин ҷо камбуд чӣ аст, манфиати касе ё гурӯҳи дигаре? Сохтори Шумо дар ҳамкорӣ бо мақомоти коррупсия, прокуратура ва палатаи ҳисоб назорат мекунанд. Шумо якҷоя бо мутахассисон рафта, тафтиш кардед? Фикр намекунам, дар идораи Шумо шахсияте бошад, ки “ревизия” карда тавонад, дар ин бора чӣ гуфта метавонед?»
Абдумаҷид Муъминзод ба ин суол посухи дақиқ надод, вале танҳо гуфт, ки «пас аз қабули ин қонун бовар дорам, фаъолият дар ин самт ҷоннок мешавад.»
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва гуфт, ӯ ҳамчун шаҳрванд ба бозор меравад ва иддао кард, ки «пас аз пешниҳоди сабукиҳо дар самти парандапарварӣ нархи гӯшти мурғ ба маротиб поин шудааст».
Шикоятҳо аз гаронии нархи маҳсулот дар чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад.
Аммо, ҳоло нархи як дона тухми мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон то 1 сомониву 30 дирам аст. Пештар 90 дирам арзиш дошт.
Тухми мурғ танҳо маҳсулоте нест, ки гарон шудааст. Арзиши маҳсулоти ниёзи аввал ба монанди орду шакару равған низ ба таври назаррас афзудааст.