Муҳаммад Салоҳ, бозингари 33- солаи тими миллии Миср, дар ҳолати номуайянии ояндааш дар дастаи “Ливерпул” мавриди таваҷҷуҳи Лигаи Арабистони Саудӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои “ALJazeera” бо такя ба як манбаъи худ дар Сандуқи сармоягузории давлати Арабистони Саудӣ (PIF) ошкор карда аст, ки ин кишвар барои ҷалб кардани Муҳаммад Салоҳ, ситораи норозии “Ливерпул”, дар равзанаи зимистонаи гузаришҳо “ҳар коре аз дасташ ояд” анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ки нахостааст номаш зикр шавад, рӯзи сешанбе бо ишора ба ихтилоф байни ин бозингари мисрӣ ва “Ливерпул” гуфт: “Мо вазъи Салоҳро пурра пайгирӣ мекунем ва бовар дорем, ки метавонем ӯро ё ба шакли иҷора ё бо хариди комили қарордод ба дастаи худ гирем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube