Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҳизби оппозитсионии Сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 29 октябр бо нашри як видео аз назди дарвозаи комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар дод, ки писарашро «облава” карда, ба инҷо овардаанд. Одинаев бо як лаҳни пурэҳсос дар ин видео мегӯяд»Шумо намедонистед, ки бачаи маро овардед? Шумо бачаи маро задед!” .
Ихтилоф байни Маҳмурод Одинаев ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҳисор чанд ҳафта боз идома дорад. Одинаев қаблан гуфта буд, ки писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро шоми 4 октябр дар тарабхонаи «Шоми Шӯроб” дар деҳаи Шӯроби Афғон латтукӯб кардаанд, вале мақомот дар тафтиши ин қазия саҳлангорӣ мекунанд.
Аммо маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 октябр дар як изҳороти вижа Маҳмурод Одинаевро «шахси моҷароҷӯ” ва оилаи ӯро «оилаи носолим” номида, ба «пайваста бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ» айбдор кард. ВКД гуфт, Одинаев аз ҷумла ба латтукӯби писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев, ки шоми 4 октябр дар тарабхонаи «Шоми Шӯроб” дар деҳаи Шӯроби Афғон сурат гирифта буд, тобиши сиёсӣ додааст. ВКД инро «иғвои навбатии Одинаев М.Ш.” номида, гуфт, «писараш дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.”
Маҳмурод Одинаев аз шикастани бинӣ ва осеб дидани майнаи сари писараш Шайхмуслиҳиддин ва аз қасди мақомот барои зӯран ба хидмати ҳарбӣ будани писари дигари маризаш Ҳоҷиакбар хабар дода, гуфта буд, ки ҳадаф аз ин ҳама тарс додан ва манъ кардани ӯ аз фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионист.