Раъно Бобоҷониён, вакили парлумони Тоҷикистон дар дидор бо «интихобкунандагон» дар шаҳри Хуҷанд гуфта, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Ин нишондиҳанда ба гуфти вакил 2,1 баробар зиёд мебошад.
Ин иддаъои вакил назди «интихобкунандагон» дар ҳолест, ки бинобар набудани ҷои кор ва даромад, шумори тоҷикистониёне, ки кишварро тарк мекунанд, бо суръат меафзояд. Ҳатто дар соли 2022, ки Русия вориди ҷанг бо Укроин аст ва шаҳрвнадонаш ба хориҷ фирор мекунанд, ҳудуди 145 000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд. Ҳазорҳо оила дар соли гузашта ба Русия кӯчиданд.
Тибқи маълумоти хонум Бобоҷониён дар ин давра музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафакаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфтааст.
Вакили парлумон қайд кардааст, ки сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Ба гуфтаи вакил беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намудааст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14 миллиарду 700 миллион сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд шудааст.
Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил додааст.
Дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расида ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Зоҳиран ин иддаъоҳои вакил аз паёми раисҷумҳур ба вакилон гирифта шудааст. Аммо коршиносон ба оморҳои мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур бо шубҳа менигаранд, зеро ҳолатҳои зиёди ироаи омори дурӯғ ифшо шудааст.