Ба иттилои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” китобҳои “Нардбони худшиносӣ”, “Сеҳри сухан” ва “Дар оинаи андешаҳо”-и шоир, адабиётшинос ва пажӯҳишгари тоҷик Сафар Абдуллоҳ ба нашр расидааст.
Китбоҳои номбурдаро нашриёти “Ношир”- и шаҳри Хуҷанд ба табъ расонидааст.
Китоби якум- “Нардбони худшиносӣ” мунтахаби ашъори Сафар Абдуллоҳ буда, ғазалиёт, сӯгнома, мухаммас, қитъа ва чаҳорпора, рубоиву дубайтӣ, шеъри сапед ва ошиқонаҳои шоирро дарбар мегирад.
Китоби дуввум – “Сеҳри сухан” мақолаҳои Сафар Абдуллоҳро дар бораи масъалаҳои печидаи адабиёти классику муосири тоҷик ва забоншиносиву чеҳранигорӣ фаро мегирад.
Китоби сеюм – “Дар ойинаи андешаҳо” корномаи илмиву адабӣ ва пажӯҳишҳои арзишманди Сафар Абдуллоҳро фаро гирифта, дар чанд бахши поёни он “меҳрномаҳо ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос” гирдоварӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube