Рубрики Pressa

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Камбуди кадрҳо ва сохтори иқтисод монеаи рушданд


Иқтисоддони маъруф, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба синни мубораки 80 расид. Ӯ 26 октябр таваллуд шудааст ва яке аз шинохтатарин таҳлилгарони масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров то имрӯз фаъолона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба корҳои илмӣ ва таълимӣ машғул аст.

Профессор Умаров муаллифи беш аз 640 асар, аз ҷумла монография, китоб ва мақолаи таҳлилӣ мебошад, ки 195-тои онҳо бо забонҳои хориҷӣ дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи ҷаҳон нашр шудаанд.

 Ӯ ҳамчун таҳлилгари варзида борҳо дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз қабили вазъи иқтисодиёт, омилҳои қатъи фаъолияти соҳибкорон, роҳҳои раҳоӣ аз камбизоатӣ ва паёмадҳои иқтисоди пинҳониро шарҳ додааст.

Таҳлилҳои амиқ ва хулосабарориҳои илмии профессор Умаров ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони кишвар қарор мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, камбуди кадрҳои соҳибтахассус то ҳол яке аз мушкилоти ҷиддии рушди иқтисод боқӣ мондааст:

«Ҳоло ҳам мутахассисони сатҳи баланд, махсусан дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва муҳандисӣ кофӣ нестанд. Дар бисёр бахшҳо эҳтиёҷи ҷиддӣ ба кадрҳои миллӣ эҳсос мешавад», – таъкид мекунад профессор.

Ӯ ҳамзамон бар он назар аст, ки сохтори иқтисоди кишвар ниёз ба ислоҳ дорад, зеро то ҳол бахшҳои вобаста ба истеҳсоли ашёи хом ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунанд.

«Мо бояд аз истеҳсоли ашёи хом ба сӯи коркарди маҳсулоти тайёр гузарем. Танҳо дар он сурат метавонем даромади воқеии иқтисодро афзоиш диҳем», – изҳор медорад Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бояд ба рушди соҳаҳои меҳнатталаб, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, электроника ва мошиносозӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ин раванд на танҳо сатҳи шуғлро боло мебарад, балки ба баланд шудани сатҳи тахассуси ҷавонон ва занон низ мусоидат мекунад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj устод Ҳоҷимуҳаммад Умаровро ба муносибати мавлудашон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом ва муваффақият дар тарбияи насли нави иқтисодшиносони кишвар орзу менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *