Рубрики Pressa

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ ва макотиби олии Тоҷикистон


Имрӯз, 3 ноябр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар макотиби олӣ ва мақомоти давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Аз вазифа озод шуданд:

  • Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад ва риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, аз мақом ва аз мақомоти додситонӣ;
  • Нусратулло Зокирзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа бо сабаби гузаштан ба кори дигар;
  • Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо сабаби гузаштан ба кори дигар;
  • Хурсанд Содиқзода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
  • Парвиз Нориён, директори телевизиони “Варзиш”.

Шахсони таъиншуда ба вазифаҳои нав:

  • Абдуалим Аҳтамзода, ректори нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа. Ӯ қаблан мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Душанбе буд.

-Иброҳимзода Илҳомиддин, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон Русия;

  • Шаҳриёр Саъдуллозода, ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон. Ӯ дар ин вазифа Алмосшо Шоҳиёнро иваз кард.
  • Баҳрулло Файзализода, директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе. Номбурда дар ин мақом Рустам Ғанизодаро иваз кард.
  • Парвиз Нориён, муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Толиб Холзода ва Аҳлиддин Муртазозода, муовинони сардори Хадамоти алоқа;
  • Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
  • Шаҳбоз Саидзода, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон;
  • Зоиршоҳ Мирзоализода, раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ба ҷойи Раҳмонбек Бахтдавлатов, ки ба синни нафақа расидааст.
  • Шариф Маҳмадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об.

Ҳамзамон, дар сохтори Додситонии кул, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва чанд шаҳру ноҳия таъиноти кадрӣ сурат гирифта, аммо номи онҳо то ҳол эълон нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *