Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Марҳалаи 2. Ошкор намудани даъват

Ибни Ҳишом  дар таърихи худ мегӯянд: “Баъд мардум иборат аз марду зан чанд гурӯҳ мусулмон шуданд ва ниҳоят овозаи Ислом дар Макка баромаду вирди забони мардум гашт. Баъд Худованд паёмбарашро амр то ҳаққеро, ки барояшон омадааст, ошкор намоянд ва ба мардум он чиро, ки ба он маъмур шудаанд, гӯянду онҳоро ба он даъват кунанд. Пинҳон доштани даъват то нозил шудани фармон дар бораи ошкор кардани он се сол идома ёфт. Баъд Худованд ба паёмбараш чунин дастур дод: “Он чиро, ки ба он амр шудаӣ, ошкор намо ва аз аҳли ширк рӯй гардон” (Ҳиҷр94). Боз дар ояти дигар барояшон фармуд:

وَأَنْذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ، وَاخْفِضْ جَناحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ[الشعراء / 214 و 215]

(Ва аз қавмат хешованди наздиктаринатро огоҳ намо. 215) Ва ба мӯъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, бо меҳру дилсӯзӣ муносибат кун.)

Баъд аз ин Паёмбар (с) ба иҷрои фармудаҳои Худо пардохта, барои амалӣ намудани фармони “Он чиро, ки ба он амр шудаӣ, ошкор намо ва аз аҳли ширк рӯй гардон” ба болои кӯҳи Сафо баромаданд ва чунин нидо карданд: “Эй Банӣ Фиҳр, эй Банӣ Адӣ!”. Вақте ҳама ҷамъ шуданду шахсоне, ки омада наметавонистанд, як нафарро фиристода буд, то бинад, ки “гап чӣ аст?”  Паёмбар (с) ба ҷамъшудагон гуфтанд: “Чӣ фикр доред, агар бароятон гӯям, ки дастае аз паси ин баландӣ мехоҳад ба шумо ҳамла кунад, оё ба ман  бовар мекунед?” Онҳо гуфтанд: Мо то ҳанӯз аз ту дурӯғе надидаем. Баъд Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Бешак, ман пеш аз омадани азоби дарднок шуморо огоҳкунанда ҳастам.” Абулаҳаб бо шунидани ин суханон гуфт: Рӯзат хуш нагузарад, оё ба хотири ҳамин гап моро ҷамъ намудӣ? Сипас, дар ҷавоби гуфтаҳои ӯ ояти

تَبَّتْ يَدا أَبِي لَهَبٍ وَتَبَّ” (Масад1) нозил шуд.

Баъд Паёмбар (с) аз баландӣ поён шуданд ва аз пайи иҷрои фармони “ва аз қавмат хешовандони наздиктаринатро огоҳ намо” шуданд. Барои ин кор ҳама пайвандон ва аҳлу ақрибояшонро ҷамъ намуда, гуфтанд: “Эй Банӣ Каъб ибни Луай худатонро аз дӯзах наҷот диҳед. Эй Банӣ Мурра ибни Каъб, худатонро аз дӯзах наҷот диҳед. Эй Банӣ Абдишшамс, худатонро аз дӯзах наҷот диҳед. Эй Фотима, худатро аз дӯзах наҷот деҳ. Чунки ман бароятон назди Худо коре карда наметавонам. Вале ман бо шумо хешовандӣ дорам, ки ҳаққи онро (дар дунё) адо хоҳам кард”.

Мардуми Қурайш ба ин даъвати Паёмбар (с) бо сарпечӣ ҷавоб дода, бо баҳонаи он, ки дини аз падару бобояш ба мерос гирифтаро наметавонад ба чунин содагӣ тарк намояд, онро напазируфт. Бо дидани ин ҳолат Паёмбар (с) онҳоро даъват намуданд, ки хираду андешаи худро бояд аз банди пайравиву тақлид озод кунанд ва аз ақлу мантиқ истифода намоянд. Ба онҳо фаҳмониданд, ки он худоҳое, ки ҳоло  мепарастанд, суду зиёне барояшон надоранд ва аз падару бобо ба мерос гирифтани парастиши он барои тақлиди кӯр кӯрона баҳона шуда наметавонад. Чунон ки Худо дар ин бора фармудааст:

  “وَإِذا قِيلَ لَهُمْ تَعالَوْا إِلى ما أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ، قالُوا حَسْبُنا ما وَجَدْنا عَلَيْهِ آباءَنا أَوَلَوْ كانَ آباؤُهُمْ لا يَعْلَمُونَ شَيْئاً وَلا يَهْتَدُونَ [المائدة / 104].

(Ва чун ба онҳо гуфта шавад “Ба сӯи Қуръони нозил кардаи Аллоҳ (ҷ) ва Паёмбар (с) биёед” дар ҷавоб мегӯянд: “Он чӣ аз гузаштагони худ мерос бурдаем, моро басанда аст”. Оё гузаштагонашон чизеро намедонистанд ва шахсони роҳгумзада буданд?!)

Вақте Паёмбар (с) худоҳои онҳоро айб карда, худашонро беақл шумориданд ва тавассути баҳонаашон, ки парастиши он худоҳо расму ойини падарону бобоён мебошад, ниёгонашонро бехирад номиданд, онҳоро корро бузург гирифта, бар хилофи Он ҳазрат (с) хестанд ва бар зиддашон ҷангу душманӣ эълон намуданд. Ба истиснои чанд нафаре, ки ба инояти Худо мусулмон шуданд. Амакашон Абутолиб бошад, аз Он ҳазрат (с) ҷонибдорӣ карда, дар паҳлӯяшон истод.

Панду андарзҳо:

Ин пора аз таърихи паёмбарӣ ба масъала се далолат мекунад, ки шарҳи мухтасари он чунин аст:

1. Вақте Паёмбар (с) қабилаи Қурайш ва умуман, мардуми арабро ба таври ошкор  ба Ислом даъват намуданд, ба онҳо чизе гуфтанд, ки онро чашмдор набуданд ва он барояшон ғайриодӣ буд. Ин маъно дар суханони Абулаҳаб ва баъдан, дар ҳамроиши сарварони Қурайш бар душманиву муқовимат бо Он ҳазрат (с) ба таври равшан аён аст.

Ин чиз далели раднопазир аст ба касоне, ки мехоҳанд ин динро бо шариату аҳкомаш самарае аз самараҳои миллигароӣ тасвир намоянд ва даъво кунанд, ки Муҳаммад (с) бо даъвати худ ормонҳои миллии он замонаи қавми худро таҷассум мекард.

Шахси муҳаққиқ чун аз таърихи Паёмбар (с) огоҳӣ меёбад, барои инкори чунин даъвоҳои хандаовар бо баҳсу муноқишае худашро ранҷ намедиҳад. Зеро касоне, ки ин гуна даъвоҳоро миёни мардум паҳн мекунанд, худашон аввалин шуда беасосу бекор будани онро медонанд.  Вале бо вуҷуди ин, онро як даъвое медонанд, ки ба назарашон будани он зарур аст, то асари динро тавассути ғоя ва афкори ғайр аз дили мардуми мусулмон дур созанд. Ба гумони онҳо барои шоистаи нашр шудан шарт нест, ки даъво дуруст бошад. Балки барояшон муҳим он аст, ки нашри он дар миёни мардум ба манфиати онҳо рост ояд.

2. Чаро Худованд ба Паёмбар (с) амр намуд, ки ақрибо ва пайвандонашонро ба таври махсус ба имон даъват намуда, аз азоби Худо огоҳ кунанд? Оё фармони “Он чиро, ки ба он амр шудаӣ, ошкор намо” барои онҳо низ дахл надошт? Оё афроди оила ва ақрибо низ ба умуми касоне, ки барояшон даъвату огоҳӣ ошкор карда шуд, дохил намешаванд? Зимни ин фармонҳои Худо ишораи махсусе ҳаст. Ишора бар он, ки масъулиятҳое, ки ба гардани ҳар мусулмон ва хусусан, аҳли даъват ниҳода шудааст, дорои дараҷаҳои мутафовит ва гуногун мебошад.  

Албатта, дар дараҷаи аввал масъулияти шахс аз худаш меистад. Ба хотири он ки ҳаққи ин масъулият адо шавад, муддати оғози ваҳй ба он ҳадде, ки дидем, тӯл кашид. Яъне, нахуст Муҳаммад (с) ба он, ки паёмбару фиристодаи Худо мебошанд ва он чӣ барояшон нозил мешавад, ваҳйе аз ҷониби Худост, худ мутмаин шаванд ва барои пазируфтани ҳар асосу низом ва ҳукме, ки меояд, омода бошанд.

Дар дараҷаи дуюм бошад, масъулияти мусулмон аз аҳли худ ва ҳар нафаре, ки аз ақрибоаш зери парастории ӯянд, қарор дорад. Ана, ба хотири ҳамин, Худованд огоҳ кардани аҳлу ақриборо ба таври махсус таъкид кард, то ба он Он ҳазрат (с) дар адо намудани ҳаққи ин масъулият дастуре бошад.  

Ин навъи масъулият ба гардани ҳар мусулмоне мефарояд, ки соҳиби оила ва ақрибо мебошад. Агар Паёмбар (с) аз пайвандону наздикони худ масъул буданд пас шахси мусулмон аз оилаву ақрибои худ ҷавобгар аст. Бо фарқ аз он, ки Паёмбар (с) агар қавмашонро ба шариати наве, ки аз ҷониби Худо омадааст, мехонанд, ӯ бошад, наздикон ва пайвандонашро ба пайравӣ аз он паёмбар даъват мекунад ва аз номи он кас гап мезанад. Чи тавре, ки Паёмбар (с) ҳақ надоранд, ки аз расонидани даъват ба қавмашон танбалӣ кунанд, инчунин соҳиби оила низ наметавонад, аз даъвати аҳлу оилааш бемасъулиятӣ намояд. Балки барояш воҷиб аст, ки онҳоро ба пайравӣ аз дину ҳақ водор созад.

Дар дараҷаи баъдӣ масъулияти олиму донишманд аз маҳалла ва шаҳраш ва масъулияти ҳоким аз давлату миллаташ меистад. Ҳар яке аз инҳо дар ин кор аз Паёмбар (с) намояндагӣ мекунанд, чунки онҳо ворисони қонунии он кас мебошанд. Агар олимон бо ҳадиси “Олимон ворисони паёмбаронанд” ин масъулиятро ноил шуда бошанд, пас сарварону ҳокимон бошанд, аз он, ки “халифатуррасул” номида шудаанд, яъне ҷойнишини паёмбари Худо.  

Азбаски илму дониш дар ҷомеаи исломӣ барои ҳокиму сарвар аз ҷумлаи умури зарурӣ ба шумор меравад, дар масъулияти Паёмбар (с) ва масъулияти ҳокимону донишмандон аз ҷиҳати фарогирӣ фарқе дида намешавад. Ба ҷуз он ки Паёмбар (с) чи тавре гуфтем, шариати наверо, ки барояшон аз Худо омадааст, мерасонанду инҳо бошанд, аз пайи он кас рафта, дар кору рафторашон аз роҳу равиши Он ҳазрат (с)  намебароянд.

Аз ин фаҳмида мешавад, ки Паёмбар (с) чун шахси мукаллаф масъулиятеро назди худашон, чун соҳиби оила ва касе, ки ақрибо дорад, масъулиятеро назди оила ва аҳлашон ва ахиран, чун паёмбар ва каси аз ҷониби Худо фиристодашуда, масъулиятеро назди ҳамаи мардум доштанд. Дар масъулияти аввал ҳар як мукаллаф бо Он ҳазрат (с) баробар аст, дар масъулияти дуюм бошад, ҳар шахси соҳиби оила, вале дар масъулияти сеюм, танҳо олимону ҳокимон.

3. Паёмбар (с) қавми худро бар он накӯҳиш карданд, ки дар бораи дуруст ва ё нодуруст будани он андеша кунанд, худашонро ба расму ойинҳои ниёгонашон пойбанд намудаанд. Баъд онҳоро даъват намуданд, ки ақлашонро аз банди пайравии кӯр кӯрона ва тақлид, ки тамоман аз андешаву мантиқ дур аст, озод созанд. 

Ин чиз далолат бар он мекунад, ки бунёди ин дин бо тамоми  ақидаву аҳкомаш, бар асоси ақлу мантиқ ниҳода шуда, ҳадаф аз  пойбандӣ ба он танҳо манфиати ҳозиру ояндаи бандагон мебошад. Аз ин рӯ, муҳимтарин шарти имон ба Худо ва дигар масъалаҳои эътиқодии марбут ба он ин андеша ва қарори озод аст, ки аз таъсири ягон урф ва ё тақлид берунанд. Аз ин ҷост, ки муаллифи “Ҷавҳарату-т-тавҳид” дар манзумаи хеш чунин мегӯянд:

فَكُلُّ مَنْ قَلَّدَ في التوحِيدِ    إيمانُه لم يَـخْـلُ مِن تَرديدِ

Ҳар кӣ дар масоили тавҳид ба тақлид равад,

Имони ӯ холӣ аз тардид набувад.

Бо ҳамин маълум мешавад, ки дин барои мубориза бо тақлид ва пайравӣ аз он омадааст. Зеро дин дар ҳама ғоя ва аҳкоми хеш бар акси тақлид, ки дар натиҷаи иқтидову табаият ба вуҷуд меояд, бар асоси ақлу мантиқи солим барқарор буда, шахси диндор аз он бар асари омӯзишу андешаронии озод пайравӣ мекунад.

Вожаи “тақолид” аз нигоҳи луғавӣ ва истилоҳи илми ҷамъиятшиносӣ “маҷмуаи одатҳое мебошад, ки онро мардум аз падару бобоҳои худ ба мерос мегиранд ва ё бар асари омехташавӣ дар ягон муҳит ва ё кишваре ба он одат мекунанд. Шарти асосӣ барои номи “тақлид”ро гирифтани одат, ин аст, ки он бояд танҳо бар асари тақлид баҳри зинда мондану бақо ёфтан бошад”.

Ҳама он чӣ мардум дар ҷомеаҳои худ аз тарзи ҳаётгузарониву рӯзгор, намодҳои бозиву шодӣ, ашколи азодориву ғамгусорӣ ва умуман ҳама чизҳое, ки дар натиҷаи аз гузаштагон омӯхтан, ё беихтиёр тавассути таассуру омехташавӣ иқтибос гирифтан одат кардаанд, дар илми ҷомеашиносӣ “тақлид” номида мешавад.

Барои ҳамин бояд донист, ки Ислом шомили чизе ба номи “тақлид” буда наметавонад. Хоҳ он ба ақида тааллуқ дошта бошад ва ё ба ҳукме аз аҳкоми он. Зеро ақида бар асоси ақлу мантиқ бунёд мешавад ва аҳком бошад бар асоси манфиатҳои дунявӣ ва ухравии бандагон гузошта шудааст. Дарки чунин манфиатҳо бо роҳи тафаккур ва андешаронӣ ба даст меояд, агарчи дарки он аз имкони баъзе аз ақлҳо ба сабаби ягон ориза ва ё иллат кӯтоҳӣ берун мебошад.  

Акнун метавон дарк намуд, ки хатои касоне, ки ибодатҳои исломӣ ва аҳкоми шариатро “тақолиди исломӣ” меноманд, то чи андоза, бузург будааст. Зеро ин гуна номгузорӣ ва бо ҳамин ном ривоҷ додани он ба мардум гӯшзад мекунад, ки қимати арзишоти ахлоқӣ ва инсонии Ислом дар илоҳӣ будани сарчашмаи он набуда, балки аз он аст, ки ҳамаи он урфу одатҳои қадима ва расму русуми аз ниёгон ба мерос гирифта шуда мебошанд. Албатта, натиҷаи ҳатмии ингуна маънидод чунин мешавад, ки бештари мардум дар ин замонаи пешрафту навин онро чун мероси қадим бори ҷомеа шуморида, аз он ба танг меоянду дилгир мешаванд.

Бояд гуфт, ки чунин номгузорӣ шудани аҳкоми исломӣ аз як хатои нохоста сарчашма намегирад, балки он ҳалқае аз силсилаи мубориза бо Ислом тавассути шиорҳои беасос ва муғризона мебошад. Ҳадафи аслӣ  аз паҳн кардани калимаи “тақолиди исломӣ” ин аст, ки аввал ба аксари аҳкоми исломӣ ҷомаи  “тақлид” мепӯшонанд ва баъди гузашти муддате дар зеҳни  мардум маънои тақлид ба он аҳком пайваста мегардад. Дигар мардум фаромӯш мекунанд, ки  маншаи он аҳком ғояҳое буданд, ки бар асоси ақлу омӯзиши солим бунёд шудаанд. Ҳамин тавр ба душманони Ислом осон мешавад, ки ба он аз нуқтае зарба зананд, ки тиру найзаашон аз он мегузарад.

Ҳама он низому аҳкоме, ки Ислом овардааст, ғоя мебошад. Ғоя чизест, ки бар асоси ақлу тафкир бунёд шуда, ҳадаф аз он расидан ба ҳадафи муайяне мебошад. Дар ҳоле ки ғояҳои инсонӣ дар натиҷаи нодурустии афкори соҳибонашон гоҳо аз роҳи дуруст мебароянд, вале ғояҳои исломӣ бошанд, ҳаргиз хато намекунанд. Зеро зоте, ки онро ниҳодааст, созандаи ақлҳову афкор аст. Худи ҳамин чиз ба бовар кардану қаноат ҳосил намудан ба дурустии ин ғояҳо кофӣ мебошад.

Албатта, вақте аксари ғояҳои исломӣ ва аҳқоми он мисли умури хонадоршавию талоқ, ҳиҷобу эҳтиёти зан ва аҳкоми ободу ахлоқ  ҷомаи “тақлид” пӯшонида мешавад, табиист, ки дар чунин замонаи озодии раъйу андеша нафаре пайдо мешавад, ки ба тарки чунин расму одатҳо ва озод шудан аз банди он даъват мекунад.

Ана барои ҳамин Ислом дине аст, ки “тақлид” дар он ҷой надорад. Зеро Ислом динест, ки барои озод намудани ақли инсонӣ аз вартаи тақлид омад ва ин чиз аз қадамҳои нахустини Паёмбар (с) дар роҳи даъват дида мешуд. Вале “тақлид” бошад як амалияи ахлоқиест, ки мардумон беихтиёр аз пайи он мераванд, танҳо ба хотири ташбеҳ ва тақлиди инсонӣ.  Ғоя (принсип) бошад, чизест, ки бояд пешравии замона дар доираи он сурат мегирад на баръакс. “Тақолид” маҷмуаи туфайлияҳое мебошанд, ки миёни майдони фикрии ҷомеа бидуни ихтиёр сабзиш намуда, он растаниҳои зараррасонеро мемонад, ки решакан кардани он зарур ва тоза намудани роҳи фикр аз он ҳатмӣ шуморида мешавад.


Ҷавҳаратуттавҳид яке аз китобҳои муҳимми илми тавҳид назди Аҳли Суннат ва Ҷамоат буда, аз тарафи Иброҳим Лақонии Моликӣ (с.в.1041 ҳ.) ба шакли манзум таълиф шудааст ва аз 144 байт иборат мебошад.

Вожаи арабии “тақлид” ба маънои истилоҳии он, ки ин ҷо манзур аст, дар забони тоҷикӣ бо ибораҳои “расму одат” ифода мешавад. Ба хотири халалдор нашудани мазмуни матн ва ҳадафи муаллиф вожаи асли арабӣ нигаҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, аз хонанда хоҳиш карда мешавад, ки вожаи “тақлид” дар ин матн ба маънои “расму одат” фаҳмида шавад.  

Муроди муаллиф аз “тақлид” дар ин ҷо ҳамон расму одатҳоест, ки дар боло гуфта шуд. Вагарна, масъалаи тақлиде, ки ба маънои пайравӣ аст, дар дин ҷой дошта, асосан ба пайравӣ аз Имом ё фақеҳе дар ягон масъалаи фиқҳӣ дахл дорад. Зеро амалияи пайравӣ аз имомеро дар мазҳаби фиқҳии  муайян тақлид меноманд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *