Дар вилояти Хатлон боз 4 нафар фолбин ва мардумфиреб дастгир шуданд.
Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус, Восеъ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кирдорҳои мардумфиребонаи 4 нафар аҳли хурофот ошкор карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мавриди назар нисбат Нилуфар Нуриддинова сокини ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Васеъ, Мастона Шайдодова сокини ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Малика Сарахонова ва Айтила Тагаева сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Мубориза бо зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла хурофотпарастиву андешаҳои хурофотӣ бояд кори ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа бошад. Зеро бо ин роҳ мо ҳам фарҳанги миллӣ ва ҳам арзишҳои динию мазҳабии худро аз ҳар гуна ҷаҳолату бадбахтӣ эмин нигоҳ хоҳем дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube