«Uzbekistan Airways» ба хабарҳо дар бораи гузоштани бомба дар ҳавопаймо вокуниш нишон дод.
Тибқи иттилои хадамоти иттилоотӣ санаи 11 апрели соли 2022 рейси HY-710 дар хати парвози Минск-Тошканд аз фурудгоҳи миллии Минск парвозро оғоз кард. Ҳангоме, ки ҳавопаймои A320 дар ҳарими ҳавоии Русия қарор дошт, ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ва ҳамчунин мақомоти авиатсионии Русия ва Беларус аз суроғаҳои номаълум дар бораи гузоштани бомбе дар ҳавопаймо иттилоъ гирифтанд.
Фармондеҳи ҳавопаймои А320 барои таъмини амнияти мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо тасмим гирифт, ки дар наздиктарин фурудгоҳи байналмилалии Домодедово фуруд ояд, то ҳавопайморо тафтиш кунад.
Дар ҳамин ҳол, лайнер, мусофирон ва бағоҷ тибқи тартиби муқарраргардида аз санҷиш гузаронида шуданд. Маълумот дар бораи минагузорӣ шудани ҳавопаймо тасдиқ нашудааст.