Рубрики Хабарҳо

Русия мехоҳад муҳоҷирони бештар ҷалб кунад

Вазорати меҳнати Русия аз 10 октябри соли 2022 миқдори квотаҳоро барои воридоти муҳоҷирон ба баъзе минтақаҳо афзоиш дод.

Ҳавзаи федеролии Шарқи Дур (Дальный Восток) эълон кардааст, ки тақрибан 34 ҳазор муҳоҷири корӣ қабул мекунад. 

Ҳамчунин 7300 муҳоҷир метавонанд ба Сибир, 29 ҳазор муҳоҷир ба округи федералии марказӣ ва 6300 нафар ба Поволже барои кор раванд.

Хабаровск барои бо кор таъмин кардани 7418 муҳоҷир, Приморье 5711, Сахалин ва Курил 164, вилояти Амур 16500 нафарро квота муайян кардаанд. 

Мақомоти вилояти Магадан тасмим гирифтанд, ки созмонҳои ҷамъиятии (диаспораҳои) намояндагони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис диҳанд.

Бино ба  Вазорати меҳнати Русия, дар соли 2023 шумори квотаҳо ба додани иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бар асоси раводид ба Русия меоянд, 123,9 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Шумори захираҳо дар соли 2023 ба 41,3 ҳазор нафар баробар аст.

Мувофиқи қарори ҳукумат, муҳоҷирон метавонанд дар соҳаҳои зерин ба шуғл фаро гирифта шаванд:

— парвариши сабзавот, соҳаи хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ба ҷуз мебел, истеҳсоли маснуот аз коҳ ва мавод барои бофандагӣ;

— сохтмон, савдои яклухти ашёи хом аз чӯб ва маводи коркарднашудаи хоҷагии ҷангал;

— савдои чаканаи машрубот  ва маснуоти тамоку;

— нақлиёти мусофирбар ва боркаши автомобилӣ;

— хидматрасонӣ ба бино ва қаламравҳо;

— фаъолият дар соҳаи варзиш.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *