Ҷамшед Ёров: Барои тағйири вазъият бояд бо худ ваҳдат кунем
Ҷамшед Ёров, бародари вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, дар ҳамоиши Созишномаи сулҳи тоҷикон баромад намуда ҳозиринро ба ваҳдату ҳамбастагӣ хонда гуфт, ваҳдати мо бо худ ва ҳамкорӣ бо худ аст, ҳоли ҳозир, ин кафолати ғолибияти мост.
Ҳузури худ дар ин ҳамоишро Ҷамшед Ёров сабаби ҳамандеша буданаш бо мухолифони ҳукумати тоҷикистон номид. У гуфт: «Чаро ман инҷо ҳастам? Чунки бо шумо ҳамандешаем. Бисёр хуб мешуд агар инҷо дигар зиндониёни сиёсӣ, ба монанди Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ ва дигарон бошанд.
Ба ҳукумат, ба Эмомали Раҳмон муясар шуд, ки дар кишвар гуногунандешии сиёсиро аз байн бурд. Дигар дар Тоҷикистон ҳизби мустақили сиёсӣ нест. Дигар мо озодии баён ва дин ҳам надорем. Фақат ақидаи хонаводагӣ, ки ҳамчун ақидаи дуруст муаррифӣ мешавад. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон риоя намешавад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода намешавад. Агар касе даъво барои ҳифзи ҳуқуқ кунад, таҳти фишор ва таъқиб сурат мегирад ва дар ниҳоят зиндон мешавад. »
Ҷамшед Ёров аз протоколи 3220 ёдовар шуда гуфт, нишонаи боризи ин гуфтаҳо ҳамон протоколи 3220 аст. Соли 2011 мо дар як мурофиаи додгоҳӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ҳимоя мекардем. Он кас ба мо нусхаи протоколи мазкурро нишон доданд ва онҷо тамоми ин корҳое, ки давоми 6 соли охир сурат гирифтанд, ҳамааш буд. Барои мисол ҳамин Шайх Темур, он фаъолони Наҳзат, ки наворҳояшон дертар пахш шуд. Ман пурсидам, ки чи гуна барнома роҳандозӣ шуданист ва аслан шейх Темур кист? Устод Тураҷонзода гуфтанд, ки шайх Темур дар тарафи Ҳисор ба сар мебарад. Ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки тамоми ин корҳо барномарезӣ шуда буд ва барои комилан аз байн бурдани сиёсат роҳандозӣ шуда буд. Ҳукумат ягон вақт тарафдори сулҳ ва ризоияти Миллӣ набуд. Ин баҳона барои бартараф кардани мухолифин буд. Ҳукумат хост онҳоро, террорист ва экстремист эьлон кунад ва чунин кард.
Дар идома бо таасуф Ёров зикр кард, ки як гурӯҳ ҳиҷрат карданд, як гуруҳ ба монанди Зайд Саидов, Фахриддин Зокиров, Шуҳрат Қудратов ва дигарон ба солҳои тулонӣ ҳабс шуданд. Дар Тоҷикистон фазои террори ҳукуматӣ алайҳи миллат ҳукмфармост.
Дар хотимаи схуанронӣ Ҷамшед Ёров таъкид намуд, ки «Барои тағйири вазъият барои мо лозим аст қабл аз ҳама бояд бо худ ваҳдат кунем. Гурӯҳбозӣ ва гурӯҳсозиро як тараф кунем. Ваҳдати мо бо худ ва ҳамкорӣ бо худ, ҳоли ҳозир, ин кафолати ғолибияти мост. Мо ҳама барои ободии кишвар талош хоҳем кард ва мекунем.
Дар охир ҳаминро мегӯям, ки имрӯз 46умин солгарди Бузургмеҳр Ёров хаст. Дуввумин зодрӯзаш дар зиндон ва намедонем чанд зодрӯзи дигараш дар зиндон хохад буд. Умедворам ки Бузурмеҳр Еров ва кулли дигар зиндониёни сиёсӣ раҳо хоҳанд шуд».
Ёдовар мешавем, имрӯз, 9 уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши муҳоҷирони сиёсии Тоҷикистон дар робита ба 20 солагии баҳамоии Тоҷикон баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баргузор гардида истодааст.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки бештар аз 100 нафар тоҷикони муқими Урупо, аз ҷумла раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Олег Панфилов, ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, роҳбари гурӯҳи Анҷумани мухолифони Тоҷикистон Шарофддин Гадоев ва Гурӯҳи 24 гузашта истодааст.