Дил назаргоҳи Таолост, кафи санг макун, бо Худо ҷанг макун,
Чон ба имон бинавоз, ойина пурзанг макун, бо Худо чанг макун.
Тибқи фармони Худо, амри китоб омадаям, ба ҳиҷоб омадаям,
Чашми дидан битавон, чеҳра пурожанг макун, бо Худо ҷанг макун.
Амри шаҳ воҷиб, агар амри шариат бошад, Пайки иффат бошад,
Дасти нопок ба сатри сари мо чанг макун, бо Худо ҷанг макун.
Чист фарханг? Яке шохи дарахти дин аст, ки беҳин ойин аст,
Ҳарфи фарҳанг ҳамоҳанг ба харханг макун, бо Худо ҷанг макун.
Раҳбарони сари мансаб, ки гуноҳат нахаранд, ба биҳиштат набаранд,
Сафҳаи номаи аъмол пур аз нанг макун, бо Худо ҷанг макун.
Соима Саидова
Аз саҳифаи фейсбукии шоира