Рубрики Хабарҳо

27 нафар мансабдори порахӯрро меҷӯянд

Сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд Шараф Аваззода дар посух ба суоли хабарнигорон гуфтааст, ки ҳоло чанд мансабдор барои даст доштан ба фасодкорӣ дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд. Расонаи Спутник Тоҷикистон дар ин бора интишор кардааст. 

Ба гуфтаи Аваззода аз соли 2007 то ин ҷониб аз ҳисоби парвандаҳои ҷиноятии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 28 нафар дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доштаанд ва соли гузашта танҳо як нафар аз ҷониби РВКД дар вилояти Суғд дастгир шудааст.

Гуфта мешавад,ки ҳамаи афроди ҷустуҷӯшаванда мансабдоронанд ва дар рӯйихати ҷустуҷӯ раиси қаблии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Абдусамад Маннонзода ва собиқ судяи Суди ин ноҳия  Акбар Холиқзода низ номбар шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо Маннонзода якчанд нафари дигар низ гунаҳкор дар фасод дониста шуда пайи ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳоло нисбати номбаршудагон  ва умуман нисбати  27 мансабдори дигар, ки даст ба фасодкорӣ зада ба ин ҳол фирор кардаанд, парвандаҳои кофтукобӣ оғоз шудааст ва ҷустуҷӯ 7 сол инҷониб идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *