Дирӯз, 11 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷенерол Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом дод.
Ба гузориши сомонаи расмии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро қайд карданд.