Вақте Паёмбар (с) мебинанд, ки саҳобагон ба ранҷу азоб дучор шуда истодаанду, аммо аз дасти он кас барои ҳимояи онҳо коре намеояд, мегӯянд: “Чӣ мешавад, ки то замони кушоиш аз ин гирифториҳо ба диёри Ҳабаша мерафтед?! Зеро онҷо подшоҳе ҳаст, ки касе наздаш зулм намешавад ва онҷо диёри сидқ аст”.
Бо ҳамин бархе аз саҳобагон аз тарси ранҷу азоб баҳри наҷот додани динашон ба диёри Ҳабаша ҳиҷрат менамоянд. Дар саргаҳи ин муҳоҷирон Усмон ибни Аффон ва ҳамсарашон, Руқайя духтари Паёмбар (с), Абуҳузайфа бо ҳамсарашон, Зубайр ибни Авом, Мусъаб ибни Умайр, Абдурраҳмон ибни Авф ва ғайра буданд. Шумораи умумии ба Ҳабаша ҳиҷрат кардагон ҳаштоду чанд нафар буд.
Вақте Қурайш ин ҳолатро мебинад, ба назди Наҷҷошӣ подшоҳи Ҳабаша Абдуллоҳ ибни Абирабиа ва Амр ибни Осро, ки ҳанӯз мусулмон нашуда буд, мефиристанд. Онҳо ба умеди он, ки Наҷҷошӣ аз қабули мусулмонон даст кашида, онҳоро барояшон месупорад, бо худ барои ӯ ва роҳибонаш ҳадияҳои зиёде меоранд.
Онҳо пеш аз он ки бо Наҷҷошӣ сӯҳбат кунанд, бо роҳибони ӯ вомехӯранд ва он ҳадияҳои барояшон овардаро месупоранд. Сипас, бо Наҷҷошӣ вохӯрда, бо ӯ дар бораи мусулмонон ва баргардонидани онҳо ба Макка сухан мекунанд. Вале ӯ намехоҳад, ки касе аз мусулмононро барояшон таслим намояд, то даме ки бо онҳо доир ба динашон сӯҳбат накунад.
Онҳоро ба назди Наҷошӣ, ки фиристодагони Қурайш низ онҷо буданд, меоранд. Ӯ мепурсад: Ин чӣ динест, ки ба сабаби он аз қавми худ ҷудо шудеду ба дини ман ҳам надаромадед ва дини дигар миллатҳоро низ напазируфтед? Аз номи мусулмонон Ҷаъфар ибни Абутолиб сухан карда, мегӯяд: Эй шоҳ, мо як қавми нодон будем, бутҳоро мепарастидему худмурда мехӯрдем, ба фаҳш даст мезадему пайванди хешовандӣ мекандем, на ҳаққи ҳамсоя медонистему на ҳаққи заифро риоя мекардем. Мо мубтало ба чунин авзоъ будем, ки ниҳоят Худо ба мо паёмбаре фиристод, ки ӯро мешинохтему аз садоқату амонат ва покизагиаш ба хубӣ огоҳ будем. Ин паёмбар моро ба сӯйи Худо хонд, то Ӯро ба ягонагӣ шиносему парастиш намоем ва аз он сангу бут, ки худамон ва падаронамон мепарастидем, даст кашем. Ӯ моро ба ростгӯйӣ, амонатдорӣ ва пайванди хешовандӣ амр карда, аз корҳои фаҳш манъ намуд. Мо бошем, ба ӯ бовар кардему барояш имон овардем. Аз он чӣ аз назди Худо оварда буд, пайравӣ намудем. Аммо қавмамон моро душман гирифтанду азобу ранҷамон доданд, то моро ба парастиши бутҳо бозгардонанд. Чун болои мо зӯрӣ карданду зулму тазйиқашон зиёд шуд, аз кишвари худ баромадем ҷойе беҳтар аз диёри шумо наёфтем. Умед кардем, ки дар паноҳи шумо бошему наздатон аз касе зулм набинем.
Сипас, Наҷошӣ аз ӯ дархост менамояд, ки барояш каме аз он чӣ ба Паёмбар (с) аз назди Худо нозил шудааст, бихонад. Ҷаъфар барояш аввали сураи Марямро мехонанд. Наҷҷошӣ бо шунидани он сахт гиря мекунад. Баъд ба онҳо мегӯяд: Бешак, ин ва он чӣ Исо овардааст, аз як манбаъ мебошад. Сипас, ба фиристодагони Қурайш менигарад ва мегӯяд: Равед. Ба Худо, онҳоро ба шумо намесупорам ва онҳо ранҷе намебинанд.
Баъд фиристодаҳои Қурайш бори дигар назди Наҷошӣ омада мегӯянд: Эй шоҳ, инҳо дар бораи Исо писари Марям сухане дигар мегӯянд. Агар бовар надорӣ, касе наздашон бифирист ва аз онҳо дар ин хусус савол кун. Наҷошӣ онҳоро ҳозир мекунад ва дар ин хусус мепурсад. Ҷаъфар ибни Абутолиб мегӯяд: Дар бораи ӯ ҳамон чизеро мегӯем, ки паёмбарамон Муҳаммад (с) овардааст. Ӯ бандаи Худо ва рӯҳу калимаи Ӯст, ки ба Марями ъазро бахшидааст.
Сипас, Наҷошӣ аз замин калтаке мегирад ва мегӯяд: Ба Худо, Исо аз гуфтаи ту ба миқдори ин калтак ҳам намегузарад. (яъне, ҳамон тавре аст, ки ту гуфтӣ).
Баъд Наҷошӣ ба фиристодаҳои Қурайш ҳадияҳои овардаашонро бозмегардонад ва муҳаббаташ ба мусулмононе, ки аз ӯ паноҳ пурсидаанд, бештар мегардад. Фиристодаҳо ба Макка бо дасти холӣ бармегарданд.
Баъди гузашти муддате муҳоҷирон мешунаванд, ки аҳли Макка мусулмон шудаанд. Вақте ин хабар мешунаванд, сӯйи Макка бозмегарланд, вале чун ба он наздик мешаванд, мефаҳманд, ки он хабар асосе надоштааст. Сипас, ҳар кас ё зери ҳимояи нафаре ва ё ба таври пинҳонӣ ба Макка ворид мешавад. Шумораи онҳо аз сию се нафар иборат буд. Аз ҷумлаи касоне, ки бо ҳимоя медароянд, Усмон ибни Мазъун буд, ки зери ҳимояи Валид ибни Муғира вориди Макка шуда буд. Абусалама низ бо ҳимояи Абутолиб ба Макка медарояд.
Панду андарзҳо:
Аз қиссаи ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша метавон се бардошт намуд:
1. Дин, пойбанд будан ба он ва барпо доштани бинои он асос ва сарчашмаи ҳамаи қувваҳо ба шумор меравад. Он чорчӯбаест барои нигаҳдошти ҳаққи мол, замин, озодӣ ва каромати инсонӣ. Ана барои ҳамин вазифаи нахустини даъватгарон ба Ислом ва муборизони роҳи он ин буд, ки ҳама имкониятҳои худро баҳри ҳимояи дин ва ғояҳои он равона созанд ва марзу бум, молу сарват ва ҳаётро ҳамчу василаи нигаҳдошт ва барқарор доштани он қарор диҳанд. Дар сурати зарур шудан бояд ҳамаи инҳоро баҳри он дареғ надорад.
Яъне, дар сурати аз даст рафтани дин ва ё нақши худро гум кардани он, ватану мол ва марзу бум низ барои шахс натанҳо беарзиш мегардад, балки аз дасти додани он ҳам кори саҳл мешавад. Вале чун дин дар ҷомеа пойдор шуда, устуворӣ пайдо намояд ва ақидаҳои он дар дили афрод ҷойгир шаванд, ҳама чизҳои баҳри он аз даст рафта мисли ватану марз ва молу сарват боз бармегарданд. Дар ҳоле бармегардад, ки аз пештара беҳтар ва нирӯмандтар шудааст. Зеро он ба иҳотаи каромату қувват ва басират дохил шудааст.
Дар масири таърих қонуни илоҳӣ чунин будааст, ки нирӯҳои маънавӣ нигаҳдорандаи дастовард ва қувваҳои моддӣ будаанд. Зеро ҳар қадаре, ки миллат аз ҷиҳати ахлоқӣ бой ва аз ҷиҳати ақида солиму ғояҳои иҷтимоии он дуруст бошанд, ҳамон қадар ҷанбаи моддии он боқувват ва пойбарҷову аз хатарҳо дар амон мегардад. Бар акси ин агар миллат аз ҷиҳати ахлоқӣ фақир ва дорои ақидаи беасосу низому сохтори бероҳа бошад, ҷанбаи моддии он осебпазир буда, ба нестиву нобудӣ зудтар гирифтор мешавад.
Метавон миллатеро дучор шуд, ки ақидаи дуруст надораду аз ҷиҳати ахлоқиву иҷтимоӣ дар пасттарин мартаба қарор дорад. Вале он бо вуҷуди ин ҳама пойбарҷову нирӯманд истодааст. Аммо дар асл, чунин миллат бо суръати том сӯйи нестӣ равон асту вале он суръату равиш эҳсос намешавад. Чунки кӯтоҳии умри инсонӣ дар муқобили тӯли умри таърих ба ин чиз монеа мешавад. Чунин суръату равиш танҳо бо чашми бедори таърих дида мешавад, на бо чашми ғофилу хатобини инсон.
Дар муқобили ин миллатеро дидан мукин аст, ки дар роҳи нигаҳдошти ақидаи дуруст ва бунёди низоми иҷтимоии солим аз асосҳои моддӣ аз қабили молу сарват ва ватан маҳрум мемонад. Вале дере нагузашта соҳибони ин ақида ва ахлоқу низоми иҷтимоии дуруст, ки самараи он ақида мебошад, ба бозпас гирифтани он ватан ва молу сарвати аз даст рафтаашон ду бора барояшон муяссар мешавад. Дар натиҷа нирӯву тавонашон дучанд бармегардад.
Тасаввури дуруст доир ба ҳастӣ ва инсону ҳаётро танҳо дар ақидаи Ислом, ки он дини Худо барои бандагон дар рӯйи замин аст, метавон ёфт. Ҳамин тавр, низоми иҷтимоии одилу солим низ танҳо дар низоми Ислом аст. Аз ин лиҳоз, қурбон намудани молу сарват ва ватану ҳаёт баҳри Ислом аз ҷумлаи асосҳои даъвати исломӣ ба шумор меравад. Зеро мусулмонон бо ҳамин роҳ барои худашон молу сарват ва ватану ҳаётро таъмин менамоянд.
Ҳиҷрат низ маҳз барои ҳамин сабаб ҷорӣ гардид. Вақте саҳобагон аз мушрикон ба ҳадде ранҷу азоб диданд, ки ба динашон хавф эҷод шуд, Паёмбар (с) ба онҳо маслиҳат доданд, ки ба диёри ғайр ҳиҷрат намоянд.
Шумо хуб медонед, ки худи ҳиҷрат низ навъе аз ранҷу машаққат ва азобу кулфат дар роҳи дин аст. Зеро он аз азобу кулфат ба роҳат гурехтан набуда, балки он, ба умеди кушоишу пирӯзӣ иваз намудани як ранҷ ба ранҷи дигар аст.
Инчунин аз касе пӯшида нест, ки он замон Макка дорулислом набуд, ки “Чаро саҳобагон дорулисломро партофта, барои халоси ҷонӣ худ ба дорулкуфр гурехтанд?”гуфта шавад. Макка ва Ҳабашистон он замон яксон буданд. Кадоме аз онҳо барои мусулмон баҳри иҷро кардани маросимҳои диниаш муносибтар бошад, ҳамонаш барои иқомат мувофиқтар буд.
Масъалаи ҳиҷрат аз дорулислом бошад, ҳукми он байни вуҷубу ҷавоз ва таҳрим қарор дорад. Тарки дорулислом ҳамон вақт воҷиб мешавад, ки агар шахси мусулмон дар он имкони адои маросимҳои динӣ мисли намозу рӯза ва азону ҳаҷ наёбад. Вале агар шахси мусулмон дар диёри исломӣ ба тазйиқу таъзиб дучор шавад, дар ин сурат барояш ҷоиз мегардад, ки ягон ватани исломии дигарро ихтиёр кунад. Аммо агар дар сурати тарк намудани диёри худаш ягон воҷиботи исломӣ, ки танҳо аз дасти ӯ меомад, иҷро ношуда боқӣ мемонда бошад, дар ин ҳолат тарки ватан кардани ӯ ҳаром мебошад.
2. Аз ин порча ҳақиқати алоқае, ки миёни рисолати Паёмбар (с) ва таълимоти Ҳазрати Исо (а) вуҷуд дошт, фаҳмида мешавад. Наҷошӣ бар дини Исо (а) буд. Ӯ як шахси мухлис ва содиқ ба дини худ буд. Ҳамин ихлосу имонаш мӯҷиби он шуд, ки бар зидди ақидаи худ набарояд ва аз касоне, ки ақидаашон бар он чӣ дар Инҷил омадаасту Ҳазрати Исо (а) таълим додаанд, мухолиф мебошад, пуштибонӣ накунад.
Яъне, агар даъвои касоне, ки пайравӣ аз Исо (а) ва пойбандӣ ба Инҷилро иддао доранд, дар бораи он ки Исо (а) писари Худо буда, сеюми се нафараанд, дуруст мебуд, ҳароина Наҷошӣ, ки аз мухлистарин насрониён буд, ба ин ақида чанг зада, ба суханони мусулмонон гӯш намедод ва ҳатман, онҳоро бо фиристодаҳои Қурайш ба назди қабилаашон бозмефиристод. Вале мебинем, ки Наҷошӣ баъди шунидани тарҷумаи ҳоли Исо (а) аз забони Қуръон чунин хулоса мекунад: “Бешак, ин ва он чӣ Исо овардааст, аз як манбаъ об мехӯрад”. Наҷошӣ ин суханони худро назди роҳибон ва донишмандони насроният, ки дар атрофаш нишаста буданд, мегӯяд.
Ин бори дигар таъкид бар он мекунад, ки ҳамаи паёмбарон як ақида овардаанд ва миёни онҳо дар ин масъала заррае ҳам ихтилоф ба назар намерасад. Он ихтилофе, ки миёни насрониён вуҷуд дорад, ба қавли Худо “бархоста аз он ҳасаде буд, ки баъди омадани ҳақ аз нафсашон падид омад”
3. Аз амалкарди саҳобагон дар ин ҳодиса фаҳмида мешавад, ки дар ҳини зарурат шахси мусулмон метавонад, ки аз ҳимояи кофир истифода кунад. Новобаста аз он, ки шахси ҳимоядиҳанда аз аҳли Китоб бошад, мисли Наҷошӣ, ки он замон насронӣ буду баъд мусулмон шудааст ва ё мушрик бошад, мисли нафароне, ки саҳобагони аз Ҳабашистон баргашта зери ҳимояи онҳо ба Макка ворид шуданд, ё монанди Абутолиб, амаки Он ҳазрат (с) ва ё Мутъам ибни Адӣ, ки Паёмбар (с) ҳангоми аз Тоиф баргаштанашон бо ҳимояи ӯ ба Макка даромаданд.
Бадоҳатан, маълум аст, ки бар шарте, ки ин гуна ҳимояҳо мӯҷиби осеб дидани даъвати исломӣ, ё дигаргун шудани ягон ҳукми динӣ ва ё сукут аз ҷинояте, ки содир мешавад, нагардад. Вагарна барои шахси мусулмон раво нест, ки аз чунин ҳимояҳо истифода кунад. Ба делели он ки вақте Абутолиб аз Паёмбар (с) талаб намуд, ки ба худашон раҳм кунанду дар бораи худоҳои мушрикон гапи бад назананд, чун ӯ аз ин бештар таҳаммул карда наметавонад, Он ҳазрат (с) аз баёни он чӣ барояшон воҷиб буд, хомӯш истоданро напазируфтанд ва барои баромадан аз ҳимояи ӯ тасмим гирифта буданд.
Барои маълумоти бештар оид ба мавзӯъ ба китоби “Аҳкому-л-Қуръон-и Имом Қуртубӣ (ҷ.2 887) нигаред.
Ишора ба ояти 19 аз сураи Оли Имрон мебошад.