Рубрики Хабарҳо

Педофилҳои низомипӯш. Ё чаро ВКД, КДАМ ва додситонӣ аз педофилҳо ҳимоят мекунанд?

Латукӯби кормандони Вазорати корҳои дохила дар деҳаи Лакати ноҳияи Истаравшан, ки чанд рӯз қабл тибқи фарзияи ВКД расонаӣ шуд, аз рӯйдодҳои бисёр камназире буд, ки дар ҳади ақал 20 соли охир дар Тоҷикистон иттифоқ наафтодааст. Бо дарназардошти таъқибу саркӯби саросарии мардум аз сӯи кормандони ВКД, КДАМ ва додситонӣ, ки дигар аз касе пӯшида нест, чунин ҷуръате аз ҷониби сокинони як деҳа воқеъан таъаҷҷубовар буд.

Вазорати корҳои дохида иддао кард, ки сокинони ин деҳа, бо шумули вакили деҳа ва раҳбари мактаби он, бидуни кадом сабабе ба маъмурони содиқи пулис, ки барои иҷрои вазифаҳои хидматиашон рафта буданд, ҳамла кардаанд. 

Назари ҷониби дигар, яъне онҳое, ки гӯё ба пулис ҳамла кардаанд дастрас набуд ва танҳо иддаои ВКД ва “эътироф ба гуноҳ”-и онҳо, ки ҳама медонанд бо чи роҳҳое гирифта мешавад, дар иттилоияи ин ниҳод дарҷ шудааст.

Имрӯз навори пурраи он ҳодиса ва назари ҷониби дигар  дастраси расонаҳо ва нашр гардид. Тибқи он як маъмури пулис мехост ба номуси духтараки 15 сола(!) дастдарозӣ кунад ва дуи дигар ҳам ӯро дар ин кор кӯмак мекарданд. Радиои Озодӣ аз қавли духтари ноболиғ меорад, ки гуфтааст. «Милиса омад, ба паҳлӯям нишаст. Гуфт, агар ҳамин корамон шавад, ман ба ту Айфон 14 промакс харида медиҳам. Ту шиноснома надоштаӣ, шиносномаатро ҳал карда медиҳам. Миёнамро қапида ин гапҳоро гуфт. Ман дар ин ҳолат гиря карда, фарёд задам, ки ҳамдеҳаҳо аз берун шунидаанд.”

Агар ин навор пайдо намешуд ва ҷониби ҷабрдида мисли ҳазорон ҷабрдидаи дигар аз тарси балои бештаре омадан ба сарашон ҷуръат ба шикоят намекарданд, дар гумон аст замоне ВКД ба ин ҷинояти кормандонаш эътироф мекард ва дар пайи он касе ҷазо медид. 

Ҳамчунин 9 нафаре, ки бо иттиҳоми ҳамла ба пулис алайҳашон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, аз ҷумла амаки ин духтарак Ҷамолиддин Раҳматови 63-сола, ки аз қазо баъди даргузашти падари духтарак тарбияи ӯро ба дӯш доштааст, ба солҳо зиндон маҳкум мешуданд. Албатт пас аз рӯёнидани чандҳазордолларӣ аз ҳар кадомашон бо ваъдаи камтар кардани мӯҳлати зиндон. 

Бо гумони ғолиб, дар ин ду рӯз ҳамаи онҳо зери шиканҷаи шадиди маъмурони пулис қарор доштанд. 18 нафари дигар ҳам, ки алайҳашон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, моҳҳо таҳти фишори пулису додситонӣ мебуданд, то аз ҳар кадомашон то ҳади имкон ришва ситонида шавад.  

Ҳоло ҳам ВКД хоҳад кӯшид ҷиноятро то ҳади имкон рӯпӯш созад ва маъмуронашро хушк аз об берун кашад. Ин ки ин се кӯдакозор (педофил) ҷазо мегиранд ё на ва сатҳи ҷазояшон чи гуна хоҳад буд, ба вокуниши ҷомеъа бастагӣ дорад. Қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб нишон дод, ки вокуниши мардум дар ҷазо гирифтани ҷинояткорони низомипӯш воқеъан таъсиргузор аст.  

Педофилия ё кӯдакозорӣ дар ақсонуқоти ҷаҳон аз қабеҳтарину вазнинтарин ҷиноятҳо на танҳо назди қонун, балки назди ҷинояткорон маҳсуб мешавад. Барои ин кор сангинтарин ҷазо муқаррар шуда, дар бархе кишварҳо кӯдакозоронро расман ахта мекунанд. Дар олами ҷиноӣ ҳам ин кор ба сахттарин бархӯрд рӯбарӯ мешавад — дар зиндон педофилҳо ба кунда табдил мешаванд. Кунда ба марде гуфта мешавад, ки мардони дигар ба ҳайси зан аз ӯ истифодаи шаҳвонӣ мебаранд. 

Педофилия таҷовуз ба номус аст —  на танҳо номуси зан ё духтари таҳти озори ҷинсӣ қароргирифта, балки ба номуси ҳамаи мардони атрофи ӯ шурӯъ аз хонаводааш то кулли миллат. Дар ҷомеъаҳое, ки мардонаш бар номусашон эҳтиром қоиланд, чунин ҷинояте метавонад на танҳо боиси ошӯбҳо гардад, балки ҳукуматҳоро низ тағйир диҳад. 

Дар ҳар кишваре, ки мардонаш ба худ эҳтиром қоиланд шурӯъ аз вазири дохилаву муовинонаш то сардори раёсати вилояту шӯъбаи ноҳия ва раҳбарони мустақими дигари ин пулис ҳади ақал истеъфо медоданд. Дар ҳар кишваре, ки генералҳову афсаронаш погонҳои худро мӯътабар медонанд, чунин ҷиноятеро аз тарафи як погондор, лаккаи нанг барои худ дониста нибосҳои низомиашонро канор мегузоштанд. 

Аммо дар Тоҷикистон на! Вазири дохила бо муовинонаш, сардори Раёсати ВКД дар Суғду сардори ШКД дар Истаравшан бо муовинонашон, раҳбарони мустақими ин се маъмури пулис ҷои ин ки истеъфо диҳанд, бо зону задан наздашон аз хонаводаи духтараки ноболиғ, мардуми деҳаи Лакату ноҳияи Истаравшан ва умуман кулли миллат узр пурсанд, то ҳади имкон хоҳанд кӯшид на танҳо ин ҷиноятро пинҳон кунанд, балки ҷабрдидагонро ҷинояткор бароранд. 

Гузашта аз ин, ниҳодҳои дигар, аз ҷумла КДАМ, ки ҳоло бояд даст ба кор шавад, чун амнияти миллӣ ба хатар афтодааст, додситонӣ, додгоҳ ва мақомоти ҳукуматҳои қонунбарору иҷроӣ низ якдаст ба кӯмаки ВКД хоҳанд шитофт, то ҷиноят пӯшида, ҷинояткорон сафед ва ҷабрдидагон ба ҷинояткор табдил шаванд. 

Фикр мекунед КДАМ ва додситонӣ аз асли воқеъа хабар надоранд? Доранд, аммо танҳо коре, ки мекунанд ин аст, ки аз он се маъмури пулси ва ё сардори пулиси ноҳия “доля”-ашонро меситонанд ва дар хидмати онҳо қарор мегиранд, то ҷиноят рӯпӯш шавад. 

Аммо чаро? Чаро ниҳодҳои ба гуфтаи худашон “ҳифзи ҳуқуқ” ба поймолкунии кулли ҳуқуқҳо ва даст задан ба қабеҳтарин ҷиноятҳову рӯпӯш сохтани ҷинояткорон машғуланд?

Чун аксари кулли онҳо ҷинояткоранд. На танҳо ришва мегиранду миллатро ғорат менамоянд, балки аксари куллашон дар ҳамин ҷинояти дастдарозӣ ба номуси занони миллат даст доранд. Ва педофилия байни онҳо дар ҳадест, ки солона садҳо духтари ноболиғ маҳз аз ҷониби кормнадони ин се ниҳод таҷовуз мешаванд. 

“Паём” далоили даҳҳо ҷинояти таҷовуз ба номус аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратиро дар даст дорад, аз садҳо чунин ҷиноят хабар ёфтааст, аммо бо камоли таассуф иҷозаи нашри онҳо аз ҷониби хонаводаҳои ҷабрдидаро гирифта наметавонад. Хонаводаҳо аз тарси “шарманда” шудан, аз тарси “ба балои бештаре” гирифтор нашудан ва далоили дигаре, ки назди худашон доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешаванд ин ҷиноятҳо расонаӣ шаванд.  

Дӯстдоштатарин истироҳати раҳбарияти вазорати дохила, сауна ва солярий аст, барояшон ҷавонтарину зеботарин духтаронро меоранд. Сардорони раёсатҳову шӯъбаҳо аз онҳо қафо намемонанд. Сардорону маъмурони раёсатҳову шӯъбаҳои кофтуковӣ ҷиноӣ, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар бахшҳое, ки бо дастгир кардани “ҷинояткорон” машғуланд, ба наздикони бархе боздоштшудаҳо бо таҳдиду ваъдаҳои дурӯғ дастдарозӣ мекунанд. Чунин ҳолатҳо дар аксару кулли шӯъбаву раёсатҳо кайҳо ба анъана табдил шудааст. 

Дар КДАМ ва додситонӣ ин ҷиноят камтар аз ВКД нест. Ин ҷинояткорон медонанд, ки ҷуръати эътирози чанд нафару ҷазо гирифтани як нафар аз онҳо барои чунин ҷинояти мудҳиш метавонад ба мардум ҷуръат бахшад, силсилаи эътирозҳо ва ҷазогириҳоро роҳ андозад ва билохира ба сазои аъмолашон бирасонад. Аз ин рӯ бо тамоми қудрат мекӯшанд ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакозориву таҷовузи ҳеҷ кадомашон ошкор нагардад.

Миллат ҳам бо фарқ аз мардони ғаюри деҳаи Лакат ба ин ҷиноятҳо чашм бастааст.

Аммо то кай?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *