Рубрики Хабарҳо

Беш аз ним миллиард доллар қарз барои сохтмони як роҳи 75 километрӣ

Ҳукумати Тоҷикистон қасд барои сохтмони қитъаи 44-километраи роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод аз Бонки аврупоии таҷдиду рушд 150 млн. доллар қарз гирад.

Ҳоло лоиҳаи созишномаи қарзӣ таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои имзо фиристода шудааст.

Қаблан, аниқтараш моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёии рушд (БОР) аз ҷудо кардани грант дар ҳаҷми 110 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 30-километраи ин роҳи мошингард, ҳамчунин бунёди 30 километр роҳҳои дуюмдараҷа байни деҳоти роҳи Обигарм ва Нуробод хабар дода буд.

Сохтмони роҳи 75 километрии канори обанбори Роғун ба се қисмат ҷудо мешавад. БОР ва Фонди рушди байнулмилалии ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ҳамроҳ ба бунёди қитъаи 30-километраи роҳ аз Обигарм то Тоҷи Қамар, аз ҷумла ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр маблағгузорӣ мекунанд, ки тақрибан 178 млн. доллар арзёбӣ мешавад.

Барои бунёди ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷалби қарзи Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ дархост пешниҳод кардааст.

Аз ҳисоби маблағҳои ин бонк сохтмони пул дар обанбори нерӯгоҳи Роғун ва роҳҳои ҳамшафат ба он пешбинӣ мешавад.

Ҳамин тавр барои сохтмони як роҳи 75 километрӣ, ҳукумат мехоҳад беш аз ним милиард доллар қарз гирад ва қарзи хориҷии кишварро ба 3,5 млрд доллар расонад. Дар натиҷа сохтмони ҳар километри ин роҳ ҳудуди 3,5 миллион доллар тамом мешавад, ки бамаротиб бештар аз стандартҳо мебошад. 

Сабаби кӯшишҳои зиёди ҳукумат барои чалби қарзу грантҳо ба сохтмони роҳҳоро коршиносон дар имкони бештари дуздии ин пулҳо мебинанд. Як мутахассиси роҳсоз, ки нахост номаш зикр шавад, ба Паём гуфт, ки дар сохтмони роҳ метавон ними маблағро ғорат кард ва имкони собит кардани дуздӣ дар ин соҳа бисёр мушкил аст. 

Дар ҳоле, ки бо маблағи қарзу грантҳои барои сохтмони роҳҳо ҷалбшуда мешавад садҳо корхона сохт ва ҳазорҳо нафарро ба кор таъмин карду роҳро ҳам дертар аз ҳисоби даромади андоз аз ин корхонаҳо сохт, ҳукумат тарҷеҳ медиҳад қарзу грантҳо ба сохтмони роҳҳо масраф шаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *