Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот оид ба аҳамияти санади “Диди Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2025” ва ҳадафу вазифаҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030”, ки соҳаҳои асосии ҳамкорӣ — тиҷорат, нақлиёт, энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар гирифта, бо ҳам тавъам мебошанд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ карда шуд. Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсоя, ҷалби бештари Афғонистон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам сохтани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар, зарур шумурда шуд.