Тимҳои миллии футболи Эрон ва Амрико имрӯз, сешанбе дар севумин ва охирин бозии гурӯҳии худ дар чорчуби гурӯҳи “B” Ҷоми ҷаҳонии футболи Қатар ба масофи ҳам хоҳанд рафт.
Ин мусобиқаи ҳассос нимашабаӣ ба вақти Душанбе, соати 22.00 ба вақти Маскав ва 20.00 ба вақти Аврупои марказӣ дар стадиони Ал-Самома бо доварии Антонио Мотеу, довари испаниягӣ баргузор хоҳад шуд. Ин бозӣ сарнавишти тимҳои миллии Эрон ва Амрико барои баромда аз гурӯҳи В-ро мушаххас хоҳад кард.
Тими миллии футболи Эрон бо мураббигарии Карлос Карваши португалиягӣ нахустин бозии гурӯҳии худро бо натиҷаи 6 бар 2 ба Англия бохт, аммо муваффақ шуд дар дувумин мусобиқа бо як бозии фарқкунандае ҳарифи худ Уэлсро 2 бар сифр шикаст диҳад. Эрон бад-ин тартиб бо касби 3 имтиёз ба радаи дувуми ин гурӯҳ баромад.
Яке дигар аз нукоти қобили таваҷҷуҳи бозиҳои тими миллии Эрон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ ҳимояти тамошогарон ва бархе аз бозикунони ин кишвар аз эътирозоти ҷорӣ ба шаклҳои гуногун будааст. Аз сӯи дигар танишҳои сиёсии миёни Теҳрон ва Вашингтон низ ҳассосияти бозии имшабро беш аз пеш кардааст.
Тими миллии Эрон дар сурати пирӯзии муқобили Амрико барои аввалин бор дар таърих ба марҳалаи плей-офи Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳад рафт. Роҳ ёфтани Эрон ба марҳалаи баъдӣ дар сурати касби натиҷаи мусовӣ бо Амрико, ба натиҷаи дидори ҳамзамони Англистон ва Уэлс бастагӣ дорад.
Аз сӯи дигар тими миллии футболи Амрико дар ду бозии қаблии худ муқобили Уелс ва Англия ба натиҷаи мусовӣ даст ёфта ва ҳам акнун бо ду имтиёз пас аз Эрон дар радаи севуми гурӯҳи худ қарор дорад. Амрико барои роҳ ёфтан ба марҳалаи баъдӣ маҷбур ба пирӯзӣ дар бозии имшаб муқобили Эрон аст.
Дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ин ду тим танҳо як бор бо ҳам бозӣ кардаанд. Ин иттифоқ дар соли 1998 дар Қаҳрамонии ҷаҳон воқеъ шуд ва Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 Амрикоро шикаст дод.