8-19 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи ин санад нахустин қатораи боркашони транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ҷониби Туркия раҳсипор мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.
Дар назар аст, ки тавассути долони мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия нахуст тавассути мошинҳо борҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон гардад, оварда мешаванд. Баъдан борҳо аз ин ҷо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва Туркия интиқол меёбанд.
Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои Вазири нақлиёт бо намояндагони Эрон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Зимни онҳо дурнамои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.