Categories Хабарҳо

Эрон: дар сурати эҳёи Барҷом метавонем энергии мавриди ниёзи Аврупоро таъмин кунем

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт дар сурати ба натиҷа расидани музокирот ва лағви таҳримҳо, Теҳрон метавонад таъминкунандаи бахши зиёде аз ниёзи Аврупо ба энерҷӣ бошад. 

Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дирӯз 5 сентябр дар нишасти матбуотӣ дар хусуси имкони таъмини энерҷии Аврупо аз сӯи Теҳрон гуфт: дар сояи буҳрон дар Укроин ва мушкилоте, ки Аврупо барои таъмини энерыӣ мувоҷеҳ аст дар сурати ба натиҷа расидани музокирот ва лағви таҳримҳо алайҳи Эрон, мо метавонем таъминкунандаи бахши бештаре аз ниёзи Аврупо мушаххасан ба манобеъи мавриди ниёзи энерҷӣ бошем ва Аврупо ҳатман ба тавоноиҳо ва зарфиятҳои Эрон дар таъмини энерҷии мавриди ниёзи худ ниёз дорад ва умедворем тавофуқ шакл бигирад ва дар ин замина Эрон битавонад нақши муассиртаре дар таъмини энерҷии мавриди ниёзи кишварҳои дунё ва Аврупо дошта бошад. Эрон дар ин иртибот бо маҳдудияте мувоҷеҳ нест. 

Вай афзуд: Эрон дидгоҳҳои худро дар хусуси музокироти Барҷом ба тарафи аврупоӣ мунтақил карда ва мунтазирем дидгоҳ ва посухи тарафи муқобилро бишинавем. Агар дар тарафи муқобил иродаи сиёсии лозим вуҷуд дошта бошад ва ҳамонанди Эрон созанда амал карда ва рӯ ба ҷилав бошад, посухи Эрон созанда, шаффоф ва қонунӣ буда ва метавонад дар сурати вуҷуди иродаи сиёсии мутақобил заминаро фароҳам кунад, то дар замони бисёр кӯтоҳ ҷамъбандии музокирот анҷом ва тавофуқ сурат гирад. Лағви таҳримҳо ва даромади иқтисодии миллати Эрон аз аҳдофи асосии мост ва Эрон дар ин хусус талош мекунад ва ин аз авлавиятҳои асосии тими музокиракунандаи Эрон аст. 

Канъонӣ бо баёни ин ки муҳиммтарин баҳси мавриди назари Эрон дар музокироти эҳёи Барҷом баҳси кафолатҳост, идома дод: мавзӯъи кафолат ду ваҷҳ дорад як ваҷҳи он кафолати лағви таҳримҳост ба гунае, ки Эрон аз манофеъи иқтисодии Барҷом ба сурати комил баҳраманд шавад. Баҳси дигар мавзӯъи ҳастаӣ аст ва дур кардани ожонс аз рафтор ва бозиҳои сиёсӣ аст. Иттиҳомоти сиёсӣ дар муносиботи Эрон бо ожонс боиси эҷоди халал дар раванди иҷрои тавофуқ нашуд. Баҳси кафолат барои Эрон муҳим аст ҳам дар ҳавзаи даромадҳои иқтисодӣ ва рафъи таҳримҳои иқтисодӣ ва ҳам дар рафъи мушкилоти муртабит бо ҳамкориҳои шаффоф ва қонунӣ ва созандаи Эрон бо ожонс. 

Вай иттиҳомотеро, ки мутақобилан аз сӯи ожонс матраҳ шудааст, аз “зеҳни бемор ва носозгор”-и Исроил донист ва гуфт: Исроил худаш муҳимтарин режими дорандаи фаъолиятҳои ғайриқонунии ҳастаӣ дар минтақа аст. Ва асосан узви низоми подмонӣ низ нест. 

Канъонӣ бо такзиби иддаои Исроил мабнӣ бар ҳамла ба амокини мутааллиқ ба Эрон дар Сурия изҳор кард: ҳузури Эрон дар Сурия ошкор ва ба дархости расмии давлати Сурия сурат гирифта ва ин иддаоҳо ботил аст. То замоне давлату миллати Сурия аз мо дархост кунад, дареғ накарда ва дар канори давлату миллати Сурия хоҳем буд. 

Вай дар бораи тавқифи шиноварҳои амрикоӣ аз сӯи Эрон гуфт: иқдоми таҳрикомез ва ғайри усулии шиноварҳои таҷассуси артиши Амрико дар иртибот бо шиноварҳои Эрон будааст ва Эрон дар ин иртибот иқдом ба рафъи таҳдид карда ва мутқобилан шиноварҳоро дар минтақаи амне раҳосозӣ кардааст. Ҳаргуна иддаоро аз сӯи давлати Амрико дар мавриди иқдоми тарафи эронӣ рад мекунем ва давлати Амрико бояд талош кунад, масирҳои тараддуди байналмилалиро дар обҳои байналмилалӣ мавриди таҳдид қарор надиҳад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *