Аморот муттаҳида арабӣ, нахустин ковишгари худро барои гардиш ба даври Миррих дар ҳафтаҳои оянда ба фазо мефиристад. Сӯхтгирии ин фазопаймо ҳафтаи оянда оғоз мешавад.
Паймудани масири 493-ҳазоркилометрӣ то мадори Миррих, чархидан ба даври ин сайёра ва ирсоли иттилоот ҳудуди ҳафт моҳ ба тӯл меанҷомад.
Ин ковишгар қарор аст, ки 687 рӯз — баробар бо тӯли як сол дар Миррих — ба даври ин сайёра бичархад то иттилоот ва обу ҳавои Миррих ҷамъоварӣ кунад.
Ҳар чархиши комил ба даври Миррих аз ин ковишгар панҷоҳупанҷ соат замон мебарад.
Мудири ин пружа, Соро Аломирӣ, рӯзи душанбе гуфт, ки ин пружа мушаввиқи (шавқмандкунада) бузурге барои донишмандони ҷавони араб аст, ки дар шуғлҳои марбут ба муҳандисии ҳаво ва фазо дида шаванд.
Исми ин фазопаймои бесарнишин “Омол” ба маънии орзуҳост. Ин фазопаймо қарор аст аз яке аз ҷазоири Ҷопон ба фазо фиристода шавад. Як мушаки ҷомонӣ ковишгарро ба фазо партоб мекунад.
Се навъи ҳисгар дар ин ковишгар кор гузошта шуда, ки ба ташхис ва андозагирии Миррих кумак мекунад. Яке аз ҳисгарҳо барои андозагири озон ва ғубор аст. Дигаре бо истифода аз модуни сурх, қисматҳои болоӣ ва поини атмосфераи ин сайёраро андоза мегирад ва севвумӣ, ки бо нурҳои бунафш кор мекунад, барои андозагирии сатҳи оксижен ва ҳидрожен аст.
Хонум Амирӣ гуфт, ки яке аз мавориди таҳқиқ ин аст, ки мутаваҷҷеҳ шаванд чи тавр оксижен ва ҳидрожен, ки дар таркиби молекули об вуҷуд дорад аз сатҳи сайёра мегурезанд.
Аҳамияти ковишгаре, ки Аморот ба фазо мефиристад дар ҳамин таҳқиқот дар бораи Миррих аст, ки собиқа надоштааст.
Аморот дар сафарҳои фазоӣ собиқа дорад. Ҳам мушак ба мадори замин фиристода ва ҳам яке аз фазонавардонашро ба истгоҳи байналмилалии фазоӣ фиристодааст.