Исломҷон Саидов, аз уламои варзида ва донишманди тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебарад, дар бораи машрӯъияти интихобот ва ширкат дар он ҳарф зад.
Дар як навор, ки дар саҳифаи ютубии ин ин донишманди шаръ нашр шудааст, ӯ интихобот ва ширкат дар онро аз нигоҳи шаръӣ ва ҳамчунин иҷтимоиву сиёсӣ ба таҳлил кашид.
Сабаби то ин замон ворид нашуданаш ба ин масоилро чунин шарҳ дод, ки чанд баромади қаблиаш боиси фишори зиёд болои волидони солмандаш шуда ва ӯ ба хотири расидани озори камтар ба онҳо аз ворид шудан ба масоили сиёсии шариъат худдорӣ кардааст. Аммо бо ин вуҷуд мақомот аз фишор болои волидони ӯ даст накашидаанд.
«Маълум шуд таъқибу фишор ва шиканҷаи равониву ҷисмонии хонаводаи мухолифин қоидаи аслии ин ҳукумат будааст ва онҳо аз он даст кашиданӣ нестанд» — гуфт ӯ.
Бо узр аз волидонаш ва даъвати онҳо ба сабр Исломҷон Саидов эълон кард, ки минбаъд баромад ва тафсирҳояшро бештар хоҳад кард, то вазифаи шаръии худро анҷом диҳад.
Навори баромади ин донишманди исломиро метавонед инҷо тамошо кунед: