Рубрики Хабарҳо

Хуҷанд: Афзоиши сафи “салафӣ”-ҳо дар зиндон

Суди шаҳри Хуҷанд ду сокини ин шаҳрро бо иттиҳоми пайравӣ аз “Салафия” аз 5 то 6 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Ба иттилои “ASIA-Plus”, ду сокини шаҳри Хуҷанд Нуриддин Почоев ва Фазлиддин Баҳритдинов барои таблиғоти мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи “Салафия”, пушти панҷараҳои зиндон фиристод.

Суд ин ду сокини шаҳри Хуҷандро бо  моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, Нуриддин Почоевро ба мудати 5, 6 моҳ ва Фазлитдин Баҳриддиновро ба мудати 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гуфта мешавад, аз соли 2009 то ин ҷониб мақомоти Тоҷикистон бо баҳона ва иттиҳомоти мухталиф, аз ҷумла пайравӣ аз ҳизбу ҳаракат ва  ҷараёнҳои динии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон, садҳо нафар аз фаъолони мазҳабиро боздошт ва равонаи зиндон кардаанд, ки аксари онҳо худро қурбони дасисаи мақомот ва бегуноҳ медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *