Бар асоси баррасии Бонки авруосиёии рушд , имсол омилҳои хориҷӣ таъсири зиёде дар коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон хоҳад дошт.
Дар гузориши макроиқтисодии Мудирияти умури таҳлилии Бонки авруосиёии рушд оид ба Тоҷикистон қайд шудааст, ки ба рушди иқтисод оқибатҳои манфии хуруҷи коронавирус, ки ба коҳиши талаботи беруна боис мегарданд, таъсири манфӣ мерасонанд.
Гуфта мешавад, афзоиши хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар саноати металлургӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,5 дар сад ва соли 2018 то 7,3 дар сад афзуда буд.
Таҳлилгарони бонк қайд мекунанд, ки талаботи зиёди истеъмолӣ, инчунин афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои комплекси кӯҳкориву металлургӣ ва бахши кишоварзӣ омилҳои асосии рушди иқтисод гардида буданд.
Зикр мешавад, ки зери таъсири болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 то ба 8 дар сад ва дар соли 2018 то 5,4 дар сад расида буд.
Тибқи пешгӯйии Бонки авруосиёии рушд, поинравии арзиши барқ ва маҳсулоти ғизоӣ дар хориҷи кишвар ба нигоҳдории мизони таваррум дар наздикии фосилаи ҳадафноки 6 бо ҷамъу тарҳи 2 дар сад, дар солҳои 2020-2022 муоидат мекунад.
Константин Федоров, як корманди шуъбаи таҳлили иқтисодии Бонки авруосиёии рушд бар ин аст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат дар Тоҷикистон хавфҳои сустшавии фаъолнокии иқтисодӣ бар асари оқибатҳои хуруҷи коронавирус афзалият хоҳанд дошт.
Ӯ илова кардааст, ки номусоидии муҳити иқтисодӣ дар берун аз ҳудуди кишвар ба ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ва даромад аз содирот таъсири манфӣ мерасонад.