Гурӯҳи террористии ДОИШ ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст. Дар сомонаи ин гурӯҳ омадааст, ки сарбозони ин гурӯҳ аз салибиён қасос гирифтаанд.
Бо гузориши хабаргузории Рейтерс ва Спутник бо такя ба хабаргузории расмии ДОИШ, ин гурӯҳ куштори Данғараро ба дӯш гирифтааст. Дар баёнияи ДОИШ омада, ки сарбозони ин гурӯҳ ба “ба хотири қасао аз салибиён дар ҷануби Тоҷикистон ба онҳо бо корд ҳамла карданд ва 4 нафарро кушта, 4 нафари дигарро захмӣ карданд”.
Ин гурӯҳ ҳамчунин таҳдид кардааст, ки “оянда барояшон бадтар хоҳад шуд”, аммо тасреҳ накарда, ки барои ғарбиён ё Тоҷикистон.
Дар як ҳамла бо мошини сабукрав ба сайёҳони дучархасавор дар ҷамоъати Себистони ноҳияи Данғара, 4 сайёҳ кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз фарзияи аслии ин кушторро эълон накарда, гузинаи садамаро низ таҳқиқ мекунанд.