Рубрики Хабарҳо

Вазири мо кай истеъфо меравад?

Шоми гузашта вазири дохилии Туркия ба истеъфо рафт. Сабаби тасмими истеъфояшро худаш дар саҳифаии твитериаш чунин шарҳ дод: қарори ҳолати фавқулодаро фақат ва фақат ба хотири мардум содир намудам ва гумон кардам ин қарор паҳншавии ваборо каме ҳам бошад, мекоҳонад.  Ман масъулияти қарорро ба дӯши худ мегирам ва аз раисиҷумҳур узр мепурсам.

Рӯзи ҷумъа соати 22.00 дар 31 вилояти Туркия ҳолати фавқулода барои 48 соат яъне то аз соати 00.00 он шаб то 00.00 шаби якшанбе, эълон шуд. Инчунн эълон шуд ки ғайр аз нонвойхонаву дорухона ва ва хадамоти комуналӣ дигар ҳама мағозаҳо баста шаванд. 

Баъди ин фармон қисме аз мардум ба кӯча рехтанд то нониу хӯрокаи дурӯзаро захира кунанд ки дар натиҷа чораҳои пешгирие ки пештар ба роҳ монда шуда буд, халал пайдо намуд. Ҳатто баъзеҳо бидуни ниқоб баромаданд. Хулоса ин қарор валвалае ба по хезонд, ки натиҷааш истеъфои вазир шуд.

Хонандаи тоҷик бо фарҳанги истеъфо ошно нест, зеро мо онро пас аз соли 1992 дигар на дидему на шунидем. Ин фарҳанг хоси давлатҳои мардумсолор аст, хоси давлатҳоест ки нуқтаи охиринро раъйи мардум мегузорад, на пешвову пасвоҳо. 

Мо ва вазирони мо дилбохтаи фарҳанги худкомагӣ ҳастем ки дар он як нафар аз вазир гирифта то декану раису додрасу додситонро таъин мекунад. Дар маҷлисҳо онҳоро ба по хезонда маҷбур мекунад то даст рӯи сина ҳамду сано гӯянд ва фақат бо ибораи «хуб шудаст ҷаноби олӣ» суханони ӯро тасдиқ кунанд.

Одат кардаем ки бинем чи тавр Раҳман кормандони мақомотро миннат намуда мегӯяд: ки тра ба кор гирифт? Ябор хта да ойна бин! Суратои 10 сол пешината пеши назар биёру сурати ҳозирата… як хелат садқаи боварии сардори давлат шави»-ро такрор ба такрор дида фикр мекунем ки давлат бояд ҳамин тавр идора шавад..

Баргардем сари мавзӯъ: вазири дохилии мо, ориёи асил Рамазон Раҳимзода оё боре ҳам хатои худро ба гардан гирифтааст? 

Ӯ на танҳо хатогии худро балки хатогии кӯчактарин кормандашро ба дӯш намегирад ва онҳоро сафед мекунад. Гӯё фақат мардуми бечора гунаҳкору кормнадони ӯ «фаришта»-ҳои бегуноҳ. 

Ҳамеша қассобони ВУД ҷавонони миллатро шиканҷа намуда аз об хушк берун меоянд. Танҳо шумори ҳолатҳои расонаишуда аз сад гузаштааст. Баъзеҳо ҳатто зери шиканҷа фавтиданд, вазир чашмаш кӯр гирифту гӯшаш кар.

Чанд зани тоҷик расман изҳор доштанд ки онҳоро кормандони ВУД, ҳатто бо ному насаб муаррифи намуданд, таҷовуз карданд.

Ё таҳдиди хоҳари яке аз журналистони фаъол Шӯҳрати Раҳматулло — Нилуфар Раҷабова ба таҷовуз аз сӯи ноиби раҳбари шӯъбаи ВУД, ки дар бешатри расонаҳои ҷаҳон пахш шуд, аммо вазир мисле ки пӯсташ пӯсти тимсоҳ бошад, боз худро ба нодонӣ зад.

Натавонист сарҳанги ҷинояткор Истамзодаро ҷазо диҳад. Балки ба ҳимояаш аз ӯ идома дод. Худаш, ки ҷинояткор аст, пушту паноҳи ҷинояткорон мебошад.

Даҳҳо ҳолат аст ки баъди ҳар кадом бояд ин вазир, агар мард мебуду шири инсон хӯрда, ба истеъфо мерафт. Вале ҳайҳот, Тоҷикистонро на давлат, балки тӯдае идора мекунад ки мешавад онро мафия номид. Мафия дар сатҳи давлатӣ. Дасти ҳамаи элита ба хун оғушта ҳаст. Ҳамин ки аз вазифа рафт, ҳама чизро аз даст медиҳад. Барои ин ки аз даст надиҳад, ба сардори мафия содиқона хидмат мекунад на ба миллату ватан. Агар онҳо ба миллату ватан хидмат мекарданд, тоҷик дар Русияву ҷаҳон ин қадар беқадр намешуд.

Баргардем ба истеъфои вазири умури дохилии Туркия Сулаймон Сойлу. Дар твиттер флеш-мобе сар дода шуддаст ки садҳо ҳазор турк бо ашки чашм талаб доранд ки вазир аз истеъфои худ даст кашад ва ба вазифааш баргардад. Ҳатто як шаҳрванд бо шунидани хабари истеъфои вазир ба худкушӣ даст заданӣ шуд ва ӯро наҷот доданд. Мардуми оддӣ ин қадар вазири худро, алалхусус вазири дохилиро дӯст доштанаш кори аҷибест. Хусусан дар қаламрави пасошӯравӣ ки вазири дохилӣ дар он унвони «саги калон»-ро дорад ва ҳамеша истеъфои онҳоро бо хушҳолӣ мепазиранд. 

Вақте пас аз чанд соат эълон шуд ки раисҷумҳур истеъфои вазирро рад кард, мардум аз балконҳо берун шуда бо қарсакзанӣ ин хушхабарро пешвоз гирифтанд. 

Чи чиз туркҳоро водор кард то вазири худро ин қадар дӯст доранд? 

Яке аз машҳуртарин суханоне ки ӯ дӯст медошт такрор кунад, ин буд: ҳангоми пешонаи худро ба замин мегузорем, мегӯем “Худовандо танҳо Туро мепарастем, ба Ту имон дорем ва аз Ту метарсем ва аз Ту умед дорем. Мо одамкушӣ ва шиканҷа надорем, назди мо инсон қадр дорад ва номусаш маҳфуз аст, назди мо тӯҳмат ва ё чашм дӯхтан ба моли мардум нест, мо медонем ки луқмае ки аз гулӯямон мегузарад, на танҳо дар ин дунё таъсир дорад балки дар охират низ, мо аз Худо метарсем ва миллатро арҷ мегузорем”.

Вазири мо на танҳо аз ба забон овардани ин ҳарфҳо метарсад, балки касе ин ҳарфро  ба забон оварад, ҷиняткораш мебарорад, ба номусаш дастдарозӣ мекунад ба ӯ тӯҳмат намуда ба дороии ӯ чашм ало мекунад ва гумон дорад ки луқмае ки аз гулӯяш мегузарад, на дар ин дунё ҳисоб дорад на дар он дунё. Дар ин дунё пушти ӯ раиси мафия меистад, ба он дунё бошад, дар гумон аст, ки имон дорад.

Афшини Муҷтабо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *