Рубрики Хабарҳо

Юсуф Раҳмон: вобаста ба ҳамлаи “Султонобод” 20 нафар боздошт шудаанд

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт вобаста ба ҳамлаи дидбонгоҳи “Султонобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, 20 нафар боздошт шудаанд ва тафтишот идома дорад. 

Ба гуфтаи додситони кулл, ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, байни онҳо нафароне, ки бевосита дар ҳамла ширкат кардаанд ва онҳое, ки ба ҳамлагарон бо ҳар роҳе кӯмак кардаанд, ҳузур доранд. 

Юсуф Раҳмон гуфт ба зудӣ парвандаи ин 20 нафар ба додгоҳ ирсол мешавад, аммо аз шарҳи бештар дар мавриди ҳамла худдорӣ кард. Ӯ гуфт наметавонад сирри тафтишотро ошкор кунад. 

Гуфтанист, мақомот 6-уми ноябри соли 2019 аз ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и Ишқобод дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд. Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод”-ро кори дасти ДОИШ донист. Ин ниҳод бо пахши изҳороти наве эълон кард дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардида, гурӯҳи мусаллаҳе, ки шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон гаштаанд.

“Гуруҳи мусаллаҳи террористӣ, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус, бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, – даъво карда буд ин ниҳод..

Маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии КДАМ навишта буд “шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.”.

Ин манбаъ ҳамчунин таъкид карда буд, ки ҳамлагарон ҳама  узви ДОИШ будаанд. 

Дертар чанд мақоми бадандпояи Афғонистон бо шиддат убури ин гурӯҳ аз Афғонистонро рад карданд.

Як моҳ баъд аз ҳодиса, мақомоти Тоҷииктон аз байни “ҳамлагарон” ҳузур доштани 13 ноболиғ ва кушта шудани онҳо хабар доданд ва даъвои ворид шудани онҳо аз Афғонистон кам-кам аз байн рафт. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *