Рубрики Хабарҳо

Амири Қатар қурби лираи Туркияро боло бурд

Ваъдаи сармоягузории Қатар ба иқтисоди Туркия дар ҳаҷми 15 миллиард доллар, қурби пули ин кишварро, ки ду ҳафтаи охир ба мушкил мувоҷеҳ буд, бо шиддат боло бурд.

Амири Қатар Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, ки бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад, имрӯз дар дидор бо раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Таййиб Урдуғон дар кохи риёсатҷумҳурӣ, аз сармоягузории мустақими 15 миллиард долларӣ дар Туркия хабар дод.

Инчунин тарафайн дар ин дидор дар бораи густариши равобити Туркия ва Қатар дар тамоми заминаҳо низ ба тавофуқ расиданд.

Ин ваъдаи амири Қатар қурби лираи Туркияро якбора 6 дарсад боло бурд ва он ба 5.86 лира дар баробари як доллар расид. Дирӯз як доллар бештар аз 6,2 лира қимат дошт.  

Ожонси назорат ва танзими бонкҳо ва Бонки маркази Туркия низ тадобире барои нигоҳ доштани қурби лира рӯи даст гирифтаанд. Баъди эълони таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар, қурби лира бо шиддат поин рафт ва дар ду ҳафта наздик ба 30 дарсади қиматашро аз даст дода, ба 7 лира баробари як доллар наздик шуд. Урдуғон аз мардумаш даъват кард барои дастгирӣ аз пули миллӣ, долларҳояшонро бо лира иваз кунанд.

Ин тадобир тавонистанд қурби лираро дар чанд рӯз аз 6,9 то 6,3 поин оваранд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *