Таркиш дар минтақаи Сайнои Миср 200 қурбонӣ ва беш аз 130 маҷрӯҳ ба ҷо гузоштааст.
Телевизиони давлатии Миср дар охирин гузориши худ дар бораи шумори куштаҳои таркиши минтақаи Ал-Ариши Сайнои ин кишвар эълом кард, ки ин ҳодиса 200 нафар кушта ва беш аз 130 каси дигар захмӣ доштааст.
Таркиши имрӯз дар деҳаи ар-Равзаи минтақаи “ал-Ариш”-и саҳрои Сайнои Миср, дар назди яке масоҷиди ҷумъахонӣ ба вуқӯъ пайваст, ки аксари қурбониёни он афроди намозгузор мебошанд.
Ба навиштаи расонаҳои мисрӣ, ин таркиш пас аз хориҷ шудани намозгузорон аз масҷид рӯх дода, баъд аз он болои мардум тир кушоданд. Аксари қурбониён ва ҷароҳатбардоштагонро ба бемористони Биърулъабд интиқол доданд.
Аммо як коршиноси ҳарбӣ ба “Алҷазира” гуфтааст, ки “аксу наворҳои интишор шуда аз ин ҳодиса нишон медиҳанд, ки дар асл намозгузонро тирборон кардаанд ва чун бинои сохтмони масҷид ҳеч осибе надидааст, биноан вуқӯъи ҳар гуна инфоре дар он ҷо баъид ба назар мерасад.
Таркиши Миср дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизонҳои моҳвораӣ баҳсу муноқашаҳои зиёдеро ба бор овардаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, минтақаи Саҳрои Сайнои Миср яке аз манотиқи амниятии ин кишвар, ки низоми пурзӯри полисӣ дар он ҷорӣ аст ва рафту омади афроди бегона ва бахусус пайкорҷӯёни мусаллаҳ дар ин минтақа хеле душвор аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоии бахши арабии интернет (Арабнет) хеле аз корбарони маҳаллӣ баъид медонанд, ки ин ҳодиса кори ягон гурӯҳи тундрав бошад. Ба назари онҳо ин таркиш як навъ нақшаи қаблан тарҳрезишудаи худи мақомот Миср аст, ки ҳукумат ба ин васила мехоҳад назоратро дар минтақаи Сайно боз ҳам пурзӯртар кунад.
Инчунин баъд аз вуқӯъи ин ҳодиса Ас-Сисӣ, президенти Миср бо ташкили як ҷаласаи изтирорӣ бо ҳузури вазири дифоъ ва дигар раҳбарони ниҳодҳои қудратии ин кишвар, ҳодисаро маҳкум ва се рӯз мотами миллӣ эълом кардааст.