Рубрики Хабарҳо

Муҳоҷирон дар шаш моҳ беш аз $1 млрд интиқол доданд

Давоми нимсолаи аввали соли равон муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ интиқол додаанд

Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ба ватан 462 миллион доллар ирсол намуданд.

Бар хабари манбаъ, аз ҳама беш муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи дуюм маблағ ба Тоҷикистон таҳвил додаанд. Гуфта мешавад дар семоҳаи дуюм аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ 649 миллион доллар ирсол гардидааст.

Зимнан бар хабари Вазорати умури дохилии Русия, дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Вазорати умури дохилии Русия меафзояд, ки тоҷикистониён аслан ба русия барои дарёфти кор меоянд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *