Рубрики Хабарҳо

Нетаняҳу кишварҳои ҷаҳонро ба муқобила бо Эрон фаро хонд

Нахуствазири Исроил дар нишасте бо ҳузури сарони кишварҳои ғарбӣ, хостори бархурди тунди ҷаҳон бо Эрон шуд.

Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ дар маросими “Холокост” хостори мавзеи якпорчаи раҳбарони ҷаҳон бар зидди Эрон шуд.

Нахуствазири Исроил дар ҷамъи раҳбарони кишварҳои ғарбии ҳозир дар ин нишаст гуфт: “Исроил ба (Доналд) Трамп, раисҷумҳури (Амрико) ва муовинаш Майк Пенс ба хотири бархурд бо раҳбарони Теҳрон, ки суботи Ховари Миёна ва кулли ҷаҳонро таҳдид мекунанд, ташаккур мекунад”.

Натяаняҳу афзуд: “Ҳамаи давлатҳоро барои талош барои муқобила бо Эрон фаро мехонем”.

Исроил Катз, вазири хориҷаи Исроил ҳам рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Телавив ҳамчунон Теҳронро таҳдиде барои худ медонад.

Катз бо иддаои инки Эрон таҳдиде барои тамоми минтақаи ғарби Осиё аст, аз гуфтугӯи Натаняҳу  бо раисҷумҳури Русия дар бораи таҳдидҳои Эрон хабар дод.

Аз сабабҳои муҳимми душмании Эрон бо режими Исроил ин аст, ки Эрон Исроилро ба ҳайси як кишвар нашинохтааст ва ба ин бовар аст, ки Исроил танҳо барои “душманӣ бо миллатҳои мусулмон” ба вуҷуд омадааст ва барои ишғоли сарзаминҳо ва сармояҳои модӣ ва маънавии ҷаҳони Ислом мубориза мебарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *