Рубрики Хабарҳо

Таркиш дар ВКД-и Қурғонтеппа

Хабаргузории “Спутник” гузориш додааст, ки бар асари таркиш дар Раёсати умури дохилаи Қурғонтеппа муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад як нафари дигар ҳам ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ  дар гуфтугӯ бо  радиои Озодӣ ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтааст: «воқеан, таркиш рух дод ва як нафар кушта шудааст. Комиссиюни фаврӣ ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ кардааст ва бояд хулосаҳои онҳоро мунтазир шавем

Ба навиштаи сомонаи “Спутник” ин ҳодиса рӯзи  2- юми декабр рух додааст ва шоҳидон ҳам гуфтаанд, ки атрофи сохтмони Раёсати умури дохила аз ҷониби кормандон муҳосира шуда, рафту омади мошинҳо дар атрофи он манъ шуда буд.

Дар бораи ин ҳодиса то ҳол ягон маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Аммо ба таври хеле фаврӣ дафн кардани ҷанозаи ягона ҳалокшудаи ин ҳодиса саволҳоро бештар кардааст.

Яке аз коршиносони масоили амниятӣ, ки нахост номаш фош шавад дар суҳбат бо “Паём” гуфт: “Дар ҳамаи ҳодисаҳо ҷасадҳо ва ашёи мавҷудро аввал ба экспертиза мебаранд ва чандин соат ва гоҳо як-ду рӯз тул мекашад, то ташхис натиҷа диҳад. Аммо ин саволбарангез аст, ки чаро дар соати 10 – имрӯз ба сурати хеле фаврӣ ҷанозаи Муҳиддин Зоҳидзода ба хок супурда шуд?”

“Озодӣ” аз забони муовини раиси ноҳияи Панҷ навиштааст, ки ҷасади Муҳиддин Зоҳидзода рӯзи шанбе соати 10 субҳ ба хок супурда шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи суннатии мо маъмулан ҷанозаро баъд аз намози пешин ба хок месупоранд. Ба хусус дар фасли зимистон нигоҳ доштани ҷаноза то зуҳр ҳеҷ мушкиле эҷод намекунад.

Аммо инки чаро ҷанозаи муфаттиш ба таври фаврӣ ба хок супорида шудааст, нигарониҳо ва саволҳоеро дар зеҳни мардум ба вуҷуд овардааст, ки шояд баъди эълони натиҷаи таҳқиқот битавон ба онҳо посухе пайдо кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *