Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо мақсади амалӣ намудан ва муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои татбиқи низоми таҳсили 12-сола қарор қабул шуд, ки гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шавад.
“Ин гурӯҳ бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Таъкид шуд, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Таҷрибаи як қатор кишварҳои ҷаҳон нишон додааст, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ нақшаи амалии мазкурро тадриҷан ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.
Аз масъулин тақозо гардид, ки барои иҷрои сифатноки вазифаҳои дар пешистода, сари вақт таҳия ва иҷро намудани нақшаи чорабиниҳо, инчунин, назорати ҷараёни амалисозии гузариш ба низоми таҳсили 12-сола тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube