Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 4 ҳазору 873 сомониро ($503) ташкил дод. Ҳаҷми Мамӯъаи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 44 млрд. 893,8 млн. сомонӣ (каме бештар аз $4,6 млрд. бо қурби расмӣ) расидааст. Агар ин раванд чунин идома кунад, нишондиҳандан нисбати соли гузашта манфӣ хоҳад буд.
Шумори аҳолӣ дар муддут ба 9,2 млн нафар расид, ки дар натиҷа ММД ба ҳар сари аҳолӣ 4 ҳазору 873 сомонӣ мерасад. Дар сурати бо ҳамин суръат “рушд” кардани ММД то охири мол ҳаҷми он 67 млрд 341 млн-ро ташкил хоҳад дод, ки нисбати соли қабл ҳатто бо сомонӣ камтар хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот аз рушди 7,4 дарсадии ММД гузориш медиҳанд.
Мақомоти марбута ММД ҷумҳуриробарои имсол 78,2 млрд сомонӣ пешбинӣ мекунанд. Яъне дар ҳашт моҳ ММД ҳамагӣ 58% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкиш додааст ва 42%-и он бояд дар чаҳор моҳи дигар истеҳсол шавад, ки шубҳанок менамояд.
Гуфтанист, ҳаҷми ММД дар соли 2018 68 млрд.844 млн. сомонӣ, ё 7 ҳазору 565 сомонӣба сари аҳолиро ташкил дода буд.
Дар соли 2017 бошадин рақам ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ расида буд. Он замон ба ҳар сари аҳолӣ 6 ҳазору 840 сомонӣ рост меомад.
Дар ҳамин ҳол агар қарзи хориҷии кишвар ба сари аҳолӣ тақсим карда шавад, ба ҳар нафар $307 ё ҳудуди 3000 сомонӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ $2.9 млрд.ро ташкил медод.