Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши ҲАМОС фаластиниҳо, арабҳо ва мусулмононро фардо ба интифоза алайҳи тасмими раисҷумҳури Амрико дар мавриди Қудс фаро хонд.
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин ҲАМОС тайи суханоне дар шаҳри Ғазза, фаластиниҳо, арабҳо ва мусулмононро фардо ба оғози интифозаи ҷадид дар ҳимоят аз Қудс ва алайҳи тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мавриди ба расмият шинохтани Қудс ба унвони “пойтахти Исроил” фаро хонд.
Вай ҳамчунин гуфт: “мо аз давлати Фаластин мехоҳем, ки паймон «Осл»-ро (, ки миён Исроил ва Фаластин дар сол 1993 ба имзо расид буд) лағв кунад.
Ҳания илова кард: раванди сулҳ бо тасмими ахири Тромп дафн шуда ва мо ба марҳалаи сиёсии ҷадид ворид шудем.
Вай гуфт: мо раҳбарони Фаластин, кишварҳои арабӣ ва исломиро ба таҳрими давлати Амрико даъват мекунем.
Ҳания таъкид кард: Қудис шарқӣ ва ғарбӣ сарзамини арабӣ ва исломӣ ва пойтахти Фаластин аст.
Вай изҳор дошт: мо аз иқдоми Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳур Туркия барои баргузории нишасти изтирории сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи Қудс истиқбол мекунем.
Гуфтанӣ аст Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаб гузашта дар як конфронси матбуотӣ, алорағми қатъномаи шумораи 478-и Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар сол 1980, ки иқдоми Исроил барои илҳоқи Қудси шарқӣ ва эъломи он ба унвони пойтахти Исроилро ғайрқонунӣ донист, гуфт: “замони шинохтани расмии Қудс ба унвони пойтахти Исроил фаро расида аст”. Трамп ҳамчунин дастур дод то омодагиҳои лозим барои интиқоли сафоратхонаи Иёлоти муттаҳида Амрико ба Қудс сурат гирад.
Лозим ба зикр аст, ки Исроил дар соли 1967 Қудсро ишғол ва онро ба унвони «пойтахти абадии Исроил» эълом кард, аммо ҷомеаи байналамиллалӣ ин тасмимро ба расмият намешиносад. Фаластиниён Қудсро пойтахти кишварашон медонанд.