Рубрики Хабарҳо

Тасним.нюз: Ногуфтаҳое дар мавриди равобити Эрон ва Тоҷикистон

Бисёре аз мавридҳое, ки аз он ба унвони омилҳои тира шудани муносиботи Эрону Тоҷикистон ёд мешавад, каме аз воқеъият дур аст ва омили аслии он нест.

Ба гузориши Гурӯҳи сиёсати хориҷии хабаргузории “Тасним”-и эронӣ, Тоҷикистон кишваре маҳсур дар хушкӣ ва воқеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар ҳамсоягии кишвари ноамне монанди Афғонистон қарор дорад. Ин кишвар пас аз фурупошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамвора дар бисёре аз мавридҳо ба ҳимояти Федератсияи Русия ниёз дошта ва ба гунае ба ин кишвар вобаста аст.

Вале тайи 10 соли ахир аз назари низомӣ ва амниятӣ ин вобастагиҳо коҳиш пайдо карда ва Тоҷикистон саъй карда, ки дар заминаи низомӣ ва амниятӣ бо Чин ва Омрико низ вориди таомул шавад. Барои мисол, тайи чанд соли ахир Чину Омрико дар заминаи омузиши нирӯҳои амниятӣ ва марзбонӣ, ҳамчунин сохти чанд маркази низомӣ саҳим буданд.

Афзун бар он, монаврҳои низомии муштараки Тоҷикистон бо нирӯҳои амрикоӣ ва чинӣ худ баёнгари коҳиши нуфузи низомии Русия мебошад. Дар сурате, ки Русия тайи 10 соли ахир, на инки ҳеч сармоягузорӣ дар сохтори қудратии Тоҷикистон надошта, балки бахшҳои муҳимме аз онро ба Чин ва Омрико вогузор кардааст.

Бо ин ҳол, Русия ҳамчунон 2 абзори фишорро дар ихтиёр дорад, ки мавриди аввал он муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ва мавриди дуюм низ пойгоҳи низомии русҳо дар Тоҷикистон аст. Дар ҳоли ҳозир, Маскав дар заминаи иқтисод ва фарҳанг дигар нуфузи чандоне надорад. Имрӯз теъдоди донишҷӯёни тоҷики таҳсилкарда дар Ғарб, Омрико ва Чин аз теъдоди донишҷӯёни фориғут-таҳсили Русия бештар аст.

Дигар инки кишвари Чин тасаллути зиёде бар иқтисоди Тоҷикистон пайдо карда ва тибқи охирин омор, беш аз 100 ҳазор коргари чинӣ дар Тоҷикистон машғули кор ҳастанд. Илова бар он, қарзҳои хориҷии дарёфтии Тоҷикистон аз Чин аз марзи 2 миллиард доллар гузашта, ки муодили будҷаи яксолаи кишвар аст. Чин бештарин сармоягузорӣ дар иқтисоди ин кишварро дорад ва аҳдофи Пекин танҳо ба даромади молӣ дар Тоҷикистон маҳдуд намешавад, балки ин кишвар ба воситаи аҳаммияти гео-политикӣ ва транзитии Тоҷикистон дар садад аст, ки нуфузу тасаллути худро ҳарчи бештар афзоиш бидиҳад.

Нуктаи муҳим ин аст, ки тоҷикон ҳеч алоқае ба ҳузури Чин дар кишвари худ надоранд ва аз нуфузу тасаллути Чин нигаронанд. Дар ин шароит, агар Эрон ва Русия робитаи муносибе бо Тоҷикистон надошта бошанд, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико метавонад бо ҷараёнсозӣ ва роҳандозии инқилоби рангӣ, нирӯҳои мавриди назарашро бар маснади қудрат бинишонад. Дар воқеъ, Ғарб барои рондани Чин ниёз ба як Саакашвилӣ хоҳад дошт, ки имрӯза беш аз 10 ҳазор тоҷик дар Омрико ва 20 ҳазор нафари дигар дар Аврупо заминаи муносибе барои эҷоди чунин ҷараёне маҳсуб мешаванд.

Воқеъият ин аст, ки имрӯз Русия ҳозир ба ҳамкорӣ бо Эрон дар Тоҷикистон нест, вале худи Русия низ аз назари фарҳангӣ ва иқтисодӣ посухгӯи ниёзҳои Душанбе намебошад ва албатта ҷаззобияте ҳам надорад. Он маъдуд пир-коммунистҳои баҷомонда ҳам тайи чанд соли дигар майдонро ба текнократҳои ғарбӣ ва чинӣ вогузор хоҳанд кард.

Аз назари динӣ ҳам, кишвари Арабистони Саудӣ ба таври суннатӣ ҷойгоҳе дар Тоҷикистон надорад. Ин як воқеъияти инкорнопазир аст. Ҷуз чанд салафӣ, ашхоси дигар бо чунин чорчуби ақидатӣ, нуфузе дар ҷомеаи Тоҷикистон надоранд.

Сармояҳое, ки Тоҷикистон аз саудиҳо дарёфт мекунанд, бештар сарфи умури давлатӣ шуда ва харҷи доираҳои динии кишвар намешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки саудиҳо дар байни ҷомеаи диндори тоҷик нуфуз пайдо кунанд ва дар ҳамин ду соли ахире, ки равобити Риёз бо Душанбе густариш пайдо карда, бештарин афроди диндор ба ҷурми салафият боздошт ва зиндонӣ шуданд ва албатта салафигарӣ дар Тоҷикистон мамнуъ аст.

Ин яқин вуҷуд дорад, ки Раҳмон иҷоза нахоҳад дод саудиҳо ё бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс дар ҳавзаи динии Тоҷикистон нуфуз пайдо кунанд ва ба шиддат умури диниро таҳти назар доранд.

Эрон дар заминаи умури мазҳабӣ дар Тоҷикистон нисбат ба саудиҳо дасте болотар дорад. Эрон як ҷомеаи қавии аҳли суннати ҳанафӣ дорад, ки дар муддати кутоҳ тавонист бисёре аз тоҷиконро омӯзиш бидиҳад. Бинобар ин, ҷомеаи сунниҳои ҳанафии Эрон зарфияти густурда ва хубе дар ростои таҳаққуқи ормонҳои исломӣ дар минтақа ва Тоҷикистон аст.

Мавридҳои боло барои таъкид бар ин мавзуъ аст, ки дилвопасиҳои бавуҷудомада дар мавриди нуфузи саудиҳо ва инки Арабистони Саудӣ ҷои Эронро дар Тоҷикистон гирифтааст, зиёд воқеъӣ нестанд ва саудиҳо ба ҳеч ваҷҳ дар ҷойгоҳе нестанд, ки битавонанд рақиби Эрон дар Тоҷикистон бошанд.

Дар воқеъ, рақиби Эрон дар Тоҷикистон Чин ва Ғарб аст ва Теҳрон метавонад дар майдони Душанбе ба унвони дуюмин кишвари муассир баъд аз Русия бошад.

Ихтилофи давлати Душанбе бо Эрон ҳам бар сари сармояи ҳамон шахс Бобаки Занҷонӣ аст, на Наҳзати исломии Тоҷикистон. Чун агар қарор буд, ки давлати Тоҷикистон ба хотири наҳзат бо Эрон равобити худро коҳиш бидиҳад, мебоист бо Олмону Аврупо комилан қатъи робита мекард, чаро ки дар ҳоли ҳозир Аврупо мизбони беш аз 5 ҳазор муҳоҷири наҳзатӣ ва раҳбарони Наҳзати исломии Тоҷикистон аст.

Аврупоиҳо на танҳо дар конфронсҳои мухталиф аз раҳбарияти Наҳзат даъват мекунанд, балки дар сатҳи расмӣ ва сиёсӣ бо Наҳзат равобит доранд. Барои намуна, дар авохири моҳи сентябри гузашта, ҳайате муташаккил аз аъзои Наҳзат сафари 3 рӯзае ба Бруссел доштанд, ки дар ин сафар беш аз 15 дидор бо намояндагони Парлумони Аврупо, дафтари раиси Комиссияи Аврупо, дастгоҳи сиёсати хориҷӣ ва ҳама аҳзоби аврупоӣ доштанд ва тарафи тоҷик кучактарин эътирозе ҳам накард.

Ин тавре, ки бархе коршиносони Эрону Тоҷикистон мегӯянд, ки иллати ин рӯйкарди давлати Душанбе нисбат ба Эрон дар 2 маврид нуҳуфтааст. Аввал инки давлати Тоҷикистон бо чунин сиёсате мехоҳад ба бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс нишон диҳад, ки дар ҷабҳаи онҳо қарор дорад ва муттаҳиди онҳост, то онҳоро водор ба ҳимояти молӣ кунад ва битавонад касри молии худро ҷуброн кунад.

Дуюм инки бо чунин сиёсати сард ва туҳматпароканӣ алайҳи Эрон заминаи музокирот бар сари парвандаи Занҷониро аз байн бубарад, то тарафи эронӣ маҷоле барои матраҳ кардани 2 миллиард дуллор сармоя бар сари қазияи Занҷониро надошта бошад. Ин 2 миллиард доллар аҳаммияти зиёде дорад, чаро ки будҷаи яксолаи Тоҷикистон тақрибан ҳамин рақам аст.

Бадин тартиб, бисёре аз мавридҳое, ки ба унвони чолиш дар муносиботи Эрону Тоҷикистон матраҳ мешавад, тақрибан хориҷ аз воқеъият аст ва аз онҳо танҳо метавон ба унвони авомили муассир ёд кард, на авомили аслӣ.

Албатта, давлати Эрон ҳам мавозеъи воқеъбинонаеро дар ин хусус эъмол мекунад ва бештарин ҳадафи Теҳрон танишзудоӣ ва иртиботи густурда бо Тоҷикистон аст ва дар ростои муносиботи бештар бо давлати Душанбе талош хоҳад кард.

Манбаъ: Хабаргузории эронии “Тасним.нюз”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *