Рубрики Хабарҳо

Николай Николаев: Русия ҳамон ҳизберо дастгирӣ хоҳад кард, ки мардум ҷонибораш аст

Ҳомии ҳуқуқи рус Николай Николаев аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар муборизааш барои тағйироти демократӣ дар кишвар пуштибонӣ кард.

Зимни баромадаш дар Ҳамоиши бахшида ба 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ба зарурати тағйироти демократӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.

“Имрӯз бояд атрофи ҳизбе муттаҳид шуд, ки аз манфиъати мардум пуштибонӣ мекунад. Чаро ҲНИТ? Ҳизбҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаанд, бо роҳи  дуруст мераванд, баёнгари манофеъи мардум аст ва ҳукумат аз онҳо метарсад”, — изҳор кард Николаев.

Ӯ гуфт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, ки дар Тоҷикистон диктатура барпо шудааст.

“Чаро дар кишваре, ки аксари мардумаш пайравӣ аз ислом мекунанд, ҳизби мӯътадили сиёсӣ мамнӯъ эълон мешавад? Чаро ҲНИТ маҷбур шудааст ҳамоишҳояшро на дар Тоҷикистон, балки дар Олмон баргузор кунад? Мо мӯътақидем, ки ҳамаи гурӯҳҳо бояд имкониятҳои якхела дошта бошанд, аммо мухолифини Эмомалӣ Раҳмон аз ин имкон маҳрум шудаанд” — таъкид намуд Николай Николаев.  

Тибқи гуфтаи ӯ Русия дилхоҳ гурӯҳеро, ки мардум аз он пуштибонӣ мекунад, ҷонибдорӣ хоҳад кард. ҲНИТ ва дигар аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ шонси ширкат дар интихоботи соли 2020 ва дарёфти пуштибонии Русияро доранд.

Дар ҳамоиши Дортмунд наздик ба 300 нафар тоҷикистониён ширкат доранд ва ҳудуи 100 нафар онро дар пахши мустақим тамошо мекунанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *