Рубрики Хабарҳо

Дар ҳамлаи ба масҷид дар Покистон беш аз 70 нафар кушта шуданд

Дирӯз 30 январ бар асари таркиши масҷиди шаҳри Пешовар дар шимолу шарқи Покистон 72 нафар ба ҳалокат расида 157 тани дигар захмӣ шуданд. Дар миёни кушташудагон 27 нафар афсарони пулис буданд.

Тавре рӯзномаи Dawn навишт, чандин нафар зери харобаҳо мондаанд.

Як мақоми баландпоя ба рӯзнома гуфтааст, «дар бемористонҳои тамоми шаҳр вазъияти изтирорӣ эълон шудааст».

Бар асоси рӯйхате, ки бемористон пешниҳод кардааст, дар ин таркиш имом-хатиби масҷид Соҳибзода Нурул Амин низ ба ҳалокат расидааст.

Замони таркиш дар бинои масҷид қариб 400 кас будаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, таркишро як маргталаб анҷом додааст. Толори асосии масҷид, ки метавонист аз 250 то 300 нафарро дар бар гирад, фурӯ рехта, аммо ба боқимондаи бино зарари ҷиддӣ нарасидааст.

Масъулияти таркишро, тавре ки нашрия ишора кардааст, созмони радикалии «Таҳрики Толибон», «Ҷунбиши Толибони Покистон» бар ӯҳда гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *