Рубрики Хабарҳо

Пешниҳоди Путин ба Урдуғон барои ташкили як “ҳаби газӣ” дар Туркия

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ба вай пешниҳод дод то ба манзури осонсозии содироти газ ба Аврупо дар кишвараш як “ҳаби газӣ” эҷод кунад. 

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки содироти гази Русия ба Аврупо таҳти таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва сӯрох дар хатти лӯлаи гази Нордстрим қарор гирифтааст. 

Руасои ду кишвар рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи шашумин нишасти конфронси Таомул ва эътимодсозии Осиё дар Остона ба якдигар мулоқот карданд. 

Путин дар ҳошияи ин маҷмаъи минтақаӣ дар Қазоқистон ба ҳамтои турки худ гуфт: “мо метавонем имкони эҷоди як ҳаби газӣ дар хоки Туркияро барои ирсол ба кишварҳои дигар ба вижа Аврупо баррасӣ кунем.” 

Вай аз Туркия ба унвони “амнтарин ва қобили итминонтарин масир барои таҳвили газ”-и кишвараш ном бурд ва гуфт ташкили як “ҳаби газӣ” дар Туркия метавонад илова бар осонсозии арза дар заминаи таъйини қимати газ мавриди истифода қарор гирад. 

Раисҷумҳури Туркия бо муҳим хондани қиматгузорӣ барои энержӣ гуфт: “мо метавонем қиматҳоро бидуни дахолатҳои сиёсӣ танзим кунем.” 

Дар оғози ин нишаст ба мавзӯъи имкони миёнҷигарии Туркия дар муноқишаи низомии Укроин, ки таъсири бузург дар буҳрони энержӣ дар Аврупо доштааст ишорае нашуд. 

Ин дар ҳолест, ки Кремл рӯзи чаҳоршанбе эълом карда буд, ки интизор дорад пешниҳоди мушаххас аз сӯи раисҷумҳури Туркия дар хусуси миёнҷигарии ин кишвар дар ҷанги Укроин дарёфт кунад. 

Ибтикори Путин дар мавриди ташкили як “ҳаби газӣ” дар Туркия ва ба вижаи таъкид бар масъала қиматгузории баҳои газ дар ҳоле матраҳ шуда, ки Кремл дар пайи ҳифзи аҳроми энержӣ барои эъмоли фишор ба Аврупо ба манзури бардоштани таҳримҳои сангини Ғарб алайҳи Русия аст. 

Иттиҳодияи Аврупо дар тозатарин иқдом танбеҳе алайҳи Маскав дар пайи таҳоҷуми низомии ахир ба Укроин дар назар дорад дар бархӯрд бо афзоиши қимати энержӣ барои воридоти гази Русия ва дар кулл умдафурӯшии газ дар Аврупо сақфи қимат таъйин кунад. 

Урзуло фонн дер Ляен, раиси комиссияи Иттиҳодия Аврупо пештар зимни ишора ба омодагии ин ниҳоди иҷроӣ барои баррасии роҳкоре ҷиҳати таъйини сақфи қимати газ дар бозорҳои Аврупо ёдовар шуд, ки ин тасмим бар асоси хости ағлаби кишварҳои узви Иттиҳодия барои муқобила бо афзоиши чашмгири маблағҳои масрафи энержӣ гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *