Рубрики Хабарҳо

Аҳамияти куртаву латта дар зиндагии зани точик

Оиди мавзӯи аҳамияти латтаву порча дар зиндагии зани тоҷикро имрӯз дида мебароем. Пеш аз он, ки вориди ин мавзӯи муҳим гардем, бояд зикр кард, ки тамоми занҳо бо табиати офаридашудаи худ зиннату ороишро дӯст медоранд. Занро наметавон барои дӯст доштани зебу зиннат танқид кард, зеро ӯ чунин офарида шудааст. Тамоман баръакси мардҳо. Мардҳо шуҷоату қувватро дӯст медоранд, занҳо бошанд нозукиву зебогиро. Вале ҳар чизе, ки аз ҳадди худ гузашт, зиндагии инсонро торик мекунад. Хӯрдани ширинӣ лаззатбахш аст, вале инсон вақте аз қадраш зиёд мехӯрад, бемор мешавад. Сӯҳбат кардан бо дӯстон хеле хуб аст, вале вақте шумо хеле зиёд сӯҳбат мекунед, вақти шумо ба ҳадар меравад. Айнан дӯст доштани либос чунин аст. Вақте шумо аз ҳад зиёд либосро дӯст доштед, дигар ҳам барои иқтисоди оилавии шумо ва ҳатто ба рӯҳу ба ҷисми шумо зарар меоварад. Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) дар ҳадиси Бухорӣ мегӯянд: 

«Ҳалок шуд, нобут гашт бандаи динору дирҳам ва бандаи либосу латта. Агар ба онҳо додед, розӣ мешаванд ва агар надодед, розӣ намешаванд.» 

Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) дар ин ҳадис шахсоне, ки аз ҳад зиёд куртаву либосро дӯст медоранд, бандаи ҳамон чиз, яъне бандаи куртаву бандаи латта гуён, зикр карданд. Ва гуфтанд, шахсоне, ки аз ҳад зиёд латтаву куртаро дӯст медоранд, ҳалок мешаванд. Барои чӣ? Барои он ки дар назди латтаву курта дигар ягон чиз ба пеши назарашон намеояд. Онҳо тамоми хурсандии худро дар латтаву курта мебинанд. Ва тамоми бадбахтии худро дар надоштани латтаву курта мебинанд. Ҳатто бандаи латтаву порча шудаанду худ бехабар ҳастанд. Вақте ба ҳаёти имрӯзаи аксарияти занҳо, мутаассифона занҳои Тоҷикистон нигоҳ кунем, мебинем, ки дар ҳақиқат аксарияти занҳо бандаи либосу курта ҳастанд. Фазои оилавии худро ба хотири ду метр аз порчае, ки аслан шумо намедонед ба бадан зарар мерасонад ё на — ба ҷаҳаннам табдил медиҳанд. Латтаву порча бошад аз душмани асосии мардҳо гаштааст. Барои он ки курта пӯшидан хурсандии аксарияти занҳо гардидааст. Куртаҳое, ки ранг ба рангу хел ба хел бо қимматҳои боло ҳар ҳафта, балки ҳар рӯз ба бозор меоянд. Ишқи латтаву курта бошад дар дили аксарияти занҳо он қадар ҷойгир шудааст, ки баъзеҳо барои 2 метр латта ҳозир ҳастанд, рӯзҳову моҳҳо гуруснанишинӣ ва ё ба қавли дигар ‘эконом’ кунанд, то ки ба орзуи худ расанду ду метр аз муди нав курта дошта бошанд. Аксарияти ҷанҷолҳои оилавӣ низ шурӯъ мешаванд аз харидани либос ё аз нахаридани муди охир. Дар рӯзҳои ид — аз наврӯзу ҷашни соли наву иди Қурбону иди Рамазон ва ҳатто шояд аз ин ба баъд иди картошкаву каду бояд ҳатман ҳар як зани тоҷик либоси нав дошта бошад. Беҳтараш атлас ва он ҳам атласе, ки дорад ҳар ҳафта бо ранги дигару бо гулкории дигар муди нав мегирад. Дар туйҳои хешовандон, ҳатто ҳамсояву ҳамсинфон низ бояд ҳар як духтараки тоҷик муди охири куртаи ҳамон ҳафтаро дар бар дошта бошад. Аз ҳама даҳшат ин аст, ки ҳатто дар мотам низ мо либоси махсус дорем.Тамоми хоҳарҳову янгаҳо бояд якхела руймолу куртаву поча дошта бошанд. То ин ки онҳое, ки барои таслият меоянд, аз либоси мо аввалин шуда ҳаловат баранд. Мабодо барои он ки куртаву либоси мо якхела нест, ба мо таъна назананд. Алоқамандие, ки моён ба латтаву курта дорем, шояд ҳиндуҳо ҳам надошта бошанд. Барои он ки барои моён, махсусан барои занҳои тоҷик ягон аҳамияте надорад, ки ин курта дар таркибаш чӣ ҳаст. Мато ё худ латтае, ки мо мехарем муҳим нест, ки чанд дарсад пахта ё синтетик ё хомаи дигар дорад. Муҳим он аст, ки он муди охир аст ва ҳамин ҳафта баромад, яке аз ҳамсояҳо ҳаминро пӯшид ва ё яке аз хешовандон ҳаминро харид — ҳатман ман ҳам бояд онро харам. Барои ман муҳим нест, ки нархаш чанд пул аст ва дар таркибаш чӣ дорад, ба баданам зарар меоварад ё на. Бо ин намуд харидани либос шояд дар ягон ҷои дунё вуҷуд надошта бошад. Зеро дар аксарияти давлатҳо мардум пеш аз он ки либосеро харанд, аввал ба таркиби он нигоҳ мекунанд, ки он чӣ дорад ва то куҷо ба бадани одам фоида ё зарар дорад ва оё нархаш ба иқтисоди мо рост меояд ё на. Дар мо бошад аввалин чизе, ки бояд таваҷҷӯҳ кунем «оё ин муди нав аст ё на ва оё мардум аз ин харида истодаанд ё на». Дар ҳоле, ки аксарияти мардони Тоҷикистон дар Руссия кор мекунанд, он ҳам мардикориву сангинкорӣ. Ва пулҳои бо машаққат ба даст овардаи онҳо сарфи куртаву порчае мешавад, ки ҳар ҳафта бояд дар баъзе аз хонаҳо тағйир ёбад. Ин намуд хариди ахмақона, бубахшед ин намуд исрофкории занҳо дар хариди куртаву либос бармегардад ба якчанд нуқтаҳои муҳим. 

  • Аввалинаш — надоштани саводи кофӣ дар соҳаи иқтисод, экономикаи оила. Нафаҳмидани маънои пасандозу захираи молӣ барои пешрафти зиндагиву оила. 
  • Дуввум — тақлиди кур-курона. Бидуни тафаккуру дурандешӣ тақлид кардан ба дигарон. 
  • Сеюм — ҳирси худнамоӣ. Дӯст доштани риёкориву худнамоишдиҳӣ. 
  • Чорумаш ва аз ҳаммааш бадтар — таъсири муҳити зист. Ҷомеаи зоҳирпараст шуморо маҷбур месозад ба сару пои худ аҳамият диҳед, то ки ба шумо аҳамият диҳанд ва сухани шумо қадр дошта бошад. Вагарна бо либоси фарсуда касе шуморо қабул надорад ва касе гуфтаи шуморо намешунавад.

Биёед ҳар яки ин мавзӯъро як ба як шарҳ диҳем. 

Шурӯъ мекунем аз надоштани саводи кофӣ дар ҷодаи иҷтисоди оила. Шояд сабаби асосии зуд-зуд харидани либос ва аҳамият надодан ба нархи он баргардад ба надоштани саводи кофӣ дар ҷодаи экономика ё пасандоз кардану пешравии оила. Оддитарин мисол, тақрибан дар тамоми кишварҳои мусалмон, ҳатто кишварҳое, ки дар фарҳанг ба кишвари мо наздик ҳастанд — мисли Эрон, дар қисми Қазоқистон ва ҳатто Афғонистони ҷангзада, пас аз тӯи арусӣ домоду арус ба саёҳати чандрӯза мебароянд. Баъзеҳо якмоҳа, баъзеҳо якҳафтаина, баъзеҳо ҳатто чавор рӯзу панҷ рӯз. Ин саёҳатро дар истилоҳ моҳи асалин мегӯянд. Аввалин рӯзҳои муштараки худро дар саёҳати маконҳои зебову ҷойҳои дилнишин мегузаронанд, то ки хотирае аз аввалин рӯзҳои издивоҷ дошта бошанд. Харҷи ин саёҳат, одатан аз ҷайби арӯсу домод аст. Арӯсу домод аз аваалин рӯзҳои номзадӣ барои ин саёҳат пасандоз мекунанд. Ва албатта бо ёрии дӯстону хешовандон боз пули худро зиёдтар мекунанду аввалин омодагӣ ба туйро домоду арӯс бо пасандоз кардани пул шурӯъ мекунанд. Барои арӯсу домод, пеш аз ҳама, пас аз он ки ашёҳои хонаву дарро харида бошанд, муҳимтарин чиз ин саёҳат мебошад. Дар меҳмонхона ё шаҳри дигар ва агар шароит дошта бошанд, ҳатто дар давлати дигар як саёҳати кутоҳаке мекунанд ва аз он рӯзҳо хотираи хеле ширин боқӣ мемонад. 

Акнун бармегардем ба аввалин омодагиҳо дар Тоҷикистон. Аввалин омодагиҳо — ҳатто ҳамон рӯзи номзадӣ, аввалин туҳфае ба арӯс дода мешавад ин ду метр ё се метр аз порчаву латта мебошад. Арус низ дар навбати худ аввалин омодагиро бо хариди либос шурӯъ мекунад. Тасаввур дошта бошед, баъзе арӯсҳо, ҳатто то 30 ва 40 курта доранд. Дар як рӯз махсусан дар рузҳои аввали арусӣ, арус метавонад 3 ё 4 ё 5 бор куртаро дигар кунад. Чандборе куртаро дигар кард, ҳамон қадар дар назди ҳамсояву хешовандон обрӯ пайдо мекунад. Пас аз муддате шояд як ё ду 

ва дери дер шаш моҳ, он куртаҳо дигар аз муд мераванд. Арӯс бояд куртаи дигар дошта бошад. Акнун назар мекунем арӯси тоҷик, пас арӯсӣ чӣ кор кард ва арӯси хориҷӣ ё афғонӣ, пас арӯсӣ чӣ кор кард. Тоҷикистонӣ тамоми пулҳояшро барои латтаву курта сарф кард, он ҳам латтаву куртаҳое, ки ба зудӣ аз муд мондаанд ва онҳоро акнун чӣ кор мекунад, худаш медонад, арӯси дигар бошад тамоми пулҳои пасандоз кардаашро барои саёҳати зебое сарф кард ва хотираи хуше боқӣ монд. Ин фақат як мисоли оддитарин буд. Мисолҳо дар ин боб зиёд ҳастанд ва ин ша Аллоҳ дар рӯзҳои оянда дар ин мавзӯъи доғ бо ҳам дида мебароем. 

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *